Коршинос: даъвати Ашраф Ғании нотавонро толибон нодида мегиранд

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

– Даъвати навбатии президенти Афғонистон дар бораи оғози гуфтушунидҳо бо ҳаракати «Толибон» дар худи Афғонистон аз ҷониби толибон нодида гирифта мешавад, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» коршиноси масоили Афонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад.

Бино ба гуфтаи ӯ, ҳаракати «Толибон» ба хубӣ медонад, ки ҳукумати Ашраф Ғанӣ заъифу нотавон буда, бисёре аз минтақаҳои Афғонистонро таҳти назорат надорад.

«Мухолифатҳои доимӣ бо сиёсатмадорони шинохтаи кишвар аз зумраи Абдулло Абдулло, Абдурашид Дӯстум, Салоҳуддин Раббонӣ, Ато Муҳаммад, Муҳаммад Муҳаққиқ ҳукумати ӯро боз ҳам заифтар мекунад. «Толибон» ба хубӣ медонанд, ки ҳукумати Ғанӣ дар Кобул бо дастгирии артиши НАТО нигаҳдорӣ мешавад ва агар онҳо кишварро тарк кунанд, тасарруфи кишвар аз ҷониби толибон душвор нест», – мегӯяд коршинос.

Бекмуҳаммад мутмаин аст, ки талошҳои дастаи Ашраф Ғанӣ бобати оғози раванди сулҳу созиш бо «Толибон» бидуни назардошти манфиатҳои бозигарони асосии мушкилоти Афғонистон дар симои Вашингтону Маскав, Пекину Теҳрон ва Деҳливу Исломобод ҳеҷ самаре ба бор намеорад.

«Аз ташаббуси нави Ғанӣ бобати созиш бо толибон ҳеҷ касе хушбин нест, зеро ҳаракати «Толибон» чандин маротиба изҳор намуда буд, ки онҳо танҳо бо ИМА ба гуфтушуниди сулҳомез омодаанд, на бо дастнишондаи онҳо дар Кобул», – таъкид дошт коршинос.

Ёдрас мекунем, ки президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар нишасти нахустини "Kabul process" пешниҳод кард, ки ҳамчун як бахши раванди сулҳу созиш, Толибон гурӯҳи қонунии сиёсӣ эътироф шавад. "Толибон ва ҳамаи аъзои гурӯҳ, тасмим бо шумост. Сулҳро бипазиред, дар гирди мизи гуфтушунид ҷамъ шавед ва биёед Афғонистонро якҷо бисозем", – гуфт Ашраф Ғанӣ.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай ба Толибон пешниҳод кард, ки гуфтугӯҳои сулҳ бояд бо назардошти дастовардҳо, манфиати миллӣ, Қонуни асосӣ ва ҳифзи ҳуқуқи занон оғоз шавад. Ғанӣ ҳамчунин ба ҷангҷӯён оташбас, озодии зиндониҳо, шиноснома, дафтари корӣ дар Кобул ё минтақаҳои дилхоҳи дигар ва лағви таҳримҳоро пешниҳод кард.

Толибон пешниҳоди ҳукумати Афғонистонро бо сардӣ пазируфтанд. Дар изҳороти толибон омадааст, то замоне, ки нерӯҳои хориҷӣ дар кишвар ҳузур доранд, гуфтугӯ бо ҳукумат натиҷаовар нахоҳад буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.