Иштироки раиси КМИР ба сифати нозир дар маъракаи интихоботи президенти Русия

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ба сифати нозир дар маъракаи интихоботи президенти Русия иштирок мекунад. Тавре аз КМИР хабар доданд, дар маъракаи интихоботи президенти Русия ҳамчунин узви КМИР Носирҷон Салимӣ, роҳбари дастгоҳи КМИР Наврӯз Самадзода ва ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода низ ба сифати нозирон ширкат […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ба сифати нозир дар маъракаи интихоботи президенти Русия иштирок мекунад.

Тавре аз КМИР хабар доданд, дар маъракаи интихоботи президенти Русия ҳамчунин узви КМИР Носирҷон Салимӣ, роҳбари дастгоҳи КМИР Наврӯз Самадзода ва ёвари президенти Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ Маҳмадалӣ Ватанзода низ ба сифати нозирон ширкат меварзанд.

Маъракаи интихоботи президенти Русия 18 марти соли 2018 баргузор мешавад. Агар ба баргузории давраи дуюм зарурат пеш ояд, он баъди се ҳафта, яъне 8 апрели соли 2018 гузаронида мешавад.

Маъракаи интихоботи номзадҳо моҳи декабри соли гузашта оғоз гардид. Барои баргузории ин чорабинӣ аз буҷет маблағи рекордии 17,69 млрд. рубл ҷудо мешавад.

Ба сифати номзадҳо дар маъракаи интихоботии президенти Русия Владимир Жириновский (Ҳизби либералӣ-демократии Русия), Павел Грудинин (Ҳизби коммунисти Русия), Владимир Путин (худпешбаришуда), Григорий Явлинский (Ҳизби Яблоко), Борис Титов (Ҳизби Роста), Сергей Бабурин (Иттифоқи мардумии Русия), Максим Сурайкин (Коммунистони Русия) ва Ксения Собчак (Ташаббуси шаҳрвандӣ) ба қайд гирифта шудаанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 апрели соли 2026

Аз таъсиис Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Кӯлоб то зодрӯзи Сурайё Қосимова ва даргузашти Бахтиёр Худойназаров

Музокироти сулҳи Эрону Амрико. Умеду навмедии сокинони Душанбе

Баъзе ба ин назаранд, ки дидору гуфтугӯҳои мақомдорони ду кишвар натиҷае нахоҳад дод.

Тоҷикистон ният дорад аз Қазоқистон то 1,3 млн тонна ғалла ворид кунад

Тоҷикистон ният дорад, ки аз ин кишвар то 1,3 млн тонна зироати ғалладона ворид намояд.

Имтиёз барои “мағзҳо”. Русия ба муҳоҷирон “корти сабз” пешниҳод кард

Акнун киҳо метавонанд бидуни имтиҳон ва навбат ҳуҷҷати иқомат гиранд?