Баррасии дурнамои мубориза бо терроризм байни Тоҷикистону Покистон

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати Покистон таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози миллии мубориза бо терроризм Эҳсон Ғанӣ дидору гуфтушунид кард. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар мулоқот ҳамчунин муовини вазири корҳои дохилии Покистон Муҳаммад Сиддиқ ва сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро низ ҳузур доштанд. Дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода […]

Asia-Plus

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳайати Покистон таҳти роҳбарии ҳамоҳангсози миллии мубориза бо терроризм Эҳсон Ғанӣ дидору гуфтушунид кард.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар мулоқот ҳамчунин муовини вазири корҳои дохилии Покистон Муҳаммад Сиддиқ ва сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро низ ҳузур доштанд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода омодагии Тоҷикистонро ба таҳкими ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризму ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир изҳор намуд.

Дар навбати худ Эҳсон Ғанӣ дастовардҳои ҳукумати Тоҷикистонро дар масъалаи таъмини сулҳу амният дар кишвар зикр намуда ба тамоми касоне, ки барои рушди ҷумҳурӣ саҳм гузоштаанд, миннатдорӣ изҳор кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.