Алҳол ба Ӯзбекистон шитоб накунед! Тасдиқи созишнома зарур аст

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Баъди имзои созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандон, ки зимни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон байни кишварҳо ба имзо расид, аксари шаҳрвандони ҳарду давлат ба гузаргоҳҳои назоратӣ дар сарҳад шитофтанд, то ки бидуни раводид ба қаламрави кишварҳо ворид шаванд.

Аммо алҳол бидуни ба расмият даровардани раводиди дахлдор, сарҳадбонон ҳеҷ касро ба гузаштани марз иҷоза намедиҳанд.

«Дарвоқеъ, дар созишномаи зикршудаи санаи 9 июн дар Душанбе баимзорасида равуои шаҳрвандони ҳарду ду давлат ба қаламрави кишварҳо бидуни раводи ба муддати то як моҳ пешбинӣ шуда, аммо ин созишномаро аввал бояд парлумонҳои кишварҳо тасдиқ кунанд ва танҳо баъди ин он мавриди амал қарор мегирад», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаи огаҳ аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Изҳори умедворӣ шуд, ки тасдиқи созишнома ва табодули эътимоднома дар ин хусус муддати «ҳадди ниҳоӣ як моҳ» сурат мегирад, ҳарчанд дар созишнома таъкид шудааст, ки ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои заруриро дар муҳлати на камтар аз се моҳ омода месозанд.

Дар ҳамин ҳол, хотиррасон шуд, ки айни замон шаҳрвандони ҳарду кишвар, ки дар минтақаҳои наздисарҳадӣ зиндагӣ мекунанд, ба равуо бидуни раводид ба қаламрави давлатҳои ҳамдигар ба муддати панҷ рӯз ҳуқуқ доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...