Нуралӣ Давлат коршиноси сол ва «Озодагон» ҳафтаномаи сол дониста шуданд

Радиои Озодӣ

Дар театри ба номи Лоҳутии шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик чорабинӣ доир гардид.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ҷоизаи ҷумҳуриявӣ ба номи Лоҳутӣ дар бахши телевизион ба Бахтиёр Сафаров, корманди фақиди телевизион, дар бахши радио ба Баҳринисо Маҷидова, корманди радиои “Фарҳанг” ва Махфират Носирзода, хабарнигори радиои “Садои Душанбе” супорида шуд.

Барои маводи имлӣ-таҳқиқотӣ ин ҷоиза ба Ҷамила Раҳмонова ва Бахтиёр Қутбиддинов, устодони факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллӣ ихтисос гирифт. Дар бахши матбуот ин ҷоиза ба 5 хабарнигор – Фахриддини Холбек, Абдулқодири Раҳим, Асалмоҳ Назарова, Ҳотами Ҳомид ва Карим Шариф дода шуд.

Имсол ҳамчунин ҷоизаи алоҳидаи Академияи ВАО дар ҳамкорӣ бо Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба чанде аз расонаҳои хабарӣ дода шуд. Аз ҷумла “Озодагон” “Ҳафтаномаи сол”, “ТВ Варзиш” Телевизиони сол, “Имрӯз” радиои сол, АМИТ “Ховар” Оҷонсии сол, “Садои шарқ” маҷаллаи сол ва Нуралӣ Давлат – коршиноси сол эълон гардид. Дар доираи таҷлил аз рӯзи матбуот ба чанде аз собиқадорони матбуоти тоҷик мукофотҳои пулӣ тақдим карда шуд.

Ҷоизаи ҷумҳуриявии ба номи Лоҳутӣ соли 1968 таъсис ёфтааст ва ҳар сол барои беҳтарин дастоварди рӯзноманигорӣ дар Рӯзи матбуот тақдим мегардад. То замони касби истиқлолияти Тоҷикистон, рӯзноманигорони кишвар 5-уми май, рӯзи нашри рӯзномаи «Правда» – нашрияи асосии Ҳизби Коммунистии Шӯравии пешинро чун иди касбии худ таҷлил мекарданд.

Тибқи иттилои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол 371 рӯзнома (109 давлатӣ ва 262 хусусӣ) ва 243 маҷалла (113 давлатӣ ва 130 хусусӣ) чоп мегарданд. Дар ҷумҳурӣ ҳамчунин 313 матбаа (36 давлатӣ ва 277 хусусӣ), 45 нуқтаи китобфурӯшӣ (3 давлатӣ ва 42 хусусӣ), 71 нашриёт (10 давлатӣ ва 61 хусусӣ) ва 11 агентии иттилоотӣ (1 давлатӣ ва 10 хусусӣ) фаъолият мекунанд. Ҳоло ҳамаи матбуоти даврӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва «Дар бораи табъу нашр» ба роҳ мондаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...