Дар ҷашни Наврӯз обуҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳаво дар Тоҷикистон бебориш шуда, танҳо рӯзи 22 март каме борон меборад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, обуҳавои боронии ҳозира то 15 март идома меёбад.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои 16, 17 ва 18 март дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои софу беғубор пешбинӣ шуда, рӯзи 19 март борони кӯтоҳмуддат меборад», – хабар доданд аз Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 20-21 март обуҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат шабона 8-9 дараҷа ва рӯзона 21-22 дараҷа гарм мешавад.

«Рӯзи ҷашни Наврӯз, 21 март дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд  обуҳавои тағйирёбандаи бебориш бо ҳарорати 20-21 дараҷа гармӣ, дар Хоруғ – обуҳавои бебориш ва дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) низ обуҳавои софу бебориш пешбинӣ мешавад», – иттилоъ доданд дар Агентӣ.

Имсол дар давраи таҷлили ҷашни Наврӯз тоҷикистониён 6 рӯз пайиҳам – аз 21 то 26-уми март истироҳат мекунанд.

Чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардида, бо иштироки Сарвари давлат дар ин ҷо як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Чорабиниҳои ҷашни Наврӯз бо иштироки Президент санаи 23 март дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ва рӯзи 25 март дар маҷмааи Наврӯзгоҳи пойтахт низ доир мегарданд.

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ҷашни Наврӯз 21 март таҷлил мегардад. Ба муносибати ҷашни Наврӯз мақомоти шаҳрдории пойтахт мусобиқаҳои пойгаи аспдавонӣ ва гуштини миллӣ барпо мекунад.

Ғайр аз ин, рӯзи 22 март дар Душанбе бори нахуст ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали фарҳангию сайёҳӣ доир мегардад. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...