Дар ҷашни Наврӯз обуҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳаво дар Тоҷикистон бебориш шуда, танҳо рӯзи 22 март каме борон меборад. Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, обуҳавои боронии ҳозира то 15 март идома меёбад. «Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои 16, 17 ва 18 март дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои софу беғубор пешбинӣ шуда, рӯзи 19 март борони кӯтоҳмуддат меборад», – хабар доданд […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Рӯзҳои ҷашни Наврӯз обуҳаво дар Тоҷикистон бебориш шуда, танҳо рӯзи 22 март каме борон меборад.

Бино ба маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, обуҳавои боронии ҳозира то 15 март идома меёбад.

«Тибқи маълумоти пешакӣ, рӯзҳои 16, 17 ва 18 март дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои софу беғубор пешбинӣ шуда, рӯзи 19 март борони кӯтоҳмуддат меборад», – хабар доданд аз Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, рӯзҳои 20-21 март обуҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳарорат шабона 8-9 дараҷа ва рӯзона 21-22 дараҷа гарм мешавад.

«Рӯзи ҷашни Наврӯз, 21 март дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд  обуҳавои тағйирёбандаи бебориш бо ҳарорати 20-21 дараҷа гармӣ, дар Хоруғ – обуҳавои бебориш ва дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) низ обуҳавои софу бебориш пешбинӣ мешавад», – иттилоъ доданд дар Агентӣ.

Имсол дар давраи таҷлили ҷашни Наврӯз тоҷикистониён 6 рӯз пайиҳам – аз 21 то 26-уми март истироҳат мекунанд.

Чорабиниҳои асосӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз рӯзи 21 март бо иштироки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент баргузор гардида, бо иштироки Сарвари давлат дар ин ҷо як қатор иншооти таъиноти иҷтимоӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.

Чорабиниҳои ҷашни Наврӯз бо иштироки Президент санаи 23 март дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) ва рӯзи 25 март дар маҷмааи Наврӯзгоҳи пойтахт низ доир мегарданд.

Бо дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ҷашни Наврӯз 21 март таҷлил мегардад. Ба муносибати ҷашни Наврӯз мақомоти шаҳрдории пойтахт мусобиқаҳои пойгаи аспдавонӣ ва гуштини миллӣ барпо мекунад.

Ғайр аз ин, рӯзи 22 март дар Душанбе бори нахуст ба муносибати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали фарҳангию сайёҳӣ доир мегардад. Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо мегузоранд ва барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.