Созишномаи реҷаи бераводидро Тоҷикистон ҳафтаи оянда тасдиқ мекунад

Тоҷикистон ният дорад, ки Созиномаи равуои бераводид бо Ӯзбекистонро ҳафтаи оянда тасдиқ кунад. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14 март Созишнома дар бораи тартиби рафтуомади шаҳрвандони кишварҳо ба қаламрави ҳамдигарро, ки зимни сафари президенти Ӯзбекистон ба Душанбе санаи 9 март ба имзо расида буд, ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд. Дар созишномаи мазкур […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Тоҷикистон ният дорад, ки Созиномаи равуои бераводид бо Ӯзбекистонро ҳафтаи оянда тасдиқ кунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 14 март Созишнома дар бораи тартиби рафтуомади шаҳрвандони кишварҳо ба қаламрави ҳамдигарро, ки зимни сафари президенти Ӯзбекистон ба Душанбе санаи 9 март ба имзо расида буд, ҷиҳати тасдиқ ба палатаи поёнии парлумон ирсол намуд.

Дар созишномаи мазкур равуои бераводиди шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба қаламрави ҳамдигар ба муҳлати то 30 пешбинӣ шудааст.

Тавре як манбаъ дар парлумони кишвар қайд кард, тасдқи ин созишнома аз ҷониби Тоҷикистон рӯзҳои наздик дар назар аст.

«Рӯзи ҷумъаи наздиктарин созишнома дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон баррасӣ ва ҳафтаи оянда дар ҷаласаи навбатии палатаи поёнии парлумон тасдиқ мешавад», – иброз дошт ӯ.

Қаблан Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки  шаҳрвандони Тоҷикистон, ки азми сафар ба Ӯзбекистонро доранд, танҳо бо доштани шиносномаи хориҷӣ ба сафар баромада метавонанд.

Дар бораи санаи мавриди амал қарор гирифтани Созишнома ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, маврид ба ёдоварист, ки барои мавриди амал қарор гирифтани Созишнома он бояд аз ҷониби парлумони Ӯзбекистон низ тасдиқ шавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.