Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

Asia-Plus

АНОНС

– Бозии даври дуюми Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 дар гурӯҳи «D» байни дастаҳои «Олтин Асир» (Туркманистон) ва Истиқлол» (Тоҷикистон) дар Балканобод (Турманистон). Оғоз соати 16:30;

– Дар меҳмонхонаи Hyatt Regence дар Душанба Ҳафтаи мӯди Tajikistan Fashion Week бо муаррифии сарулибоси мавсими баҳору тобистон идома меёбад.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8265 сомонӣ;

1 евро – 10.8910 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1551 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

1942 — Навбати аввали комбинати бофандагии Душанбе ба истифода дода шуд.

1955 – Боғи ботаникии Ленинобод ба фаъолият оғоз кард.

1994 – Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

2001 – Бо фармони Президент Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

1911 – Зодрӯзи шоир Абдусалом Деҳотӣ.

1933  – Мавлуди Арбоби шоистаи фарҳанги Тоҷикистон Лилиан Налоева.

1948  – Зодрӯзи доктори улуми физика ва математика, профессор, арбоби давлатӣ, Мамадшо Илолов.

1957 –Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир.

1961 – Зодрӯзи адабиётшинос Музаффари Муҳаммадӣ.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар ноҳияҳои доманакӯҳ борону барф дар назар аст.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +4+9; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона 0+5.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +10+15; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -3+2, рӯзона +5+10; дар шарқ шабона -5-10, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо борон меборад, дар доманакӯҳ борону барф дар назар аст. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +8+13; дар доманакӯҳҳо шабона -4+1, рӯзона +1+6.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +10+12.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +8+10.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +12+14.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, боришот (борону барф) дар назар аст.

Ҳарорат: шабона -1+1, рӯзона +7+9.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...