Иттиҳоди Аврупо мададрасони дастгирии буҷети Тоҷикистон

Иттилоияи расмӣ

Бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи 6-уми Кумитаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро Завқизода Завқӣ – муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Иттиҳоди Аврупоро Лук Девин –  Директор оид ба Россия ва Осиёи Марказии Комиссияи Иттиҳоди Аврупо роҳбарӣ намуданд.

Ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобозода Умед – мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, Амирзода Пайрав – мудири бахши Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шарифӣ Дилшод – сардори Раёсати ҳамкориҳои иқтисодии хориҷии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил буданд.

Ҷаласаи мазкур дар фазои дӯстона натиҷабахш анҷом ёфта, дар он самтҳои асосии ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо муҳокима гардиданд.

Дар доираи фаъолияти ҷаласаи мазкур аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои 2014-2020 ҷудо намудани 251 млн. евро барои маблаѓгузории соҳаҳои афзалиятноки иҷтимоию иқтисодӣ, бахусус  маориф, тандурустӣ, энергетика ва рушди деҳот пешбинӣ гардид.

Дар ҷаласаи номбурда мавзӯъҳо вобаста ба татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ ва муҳокимаи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо, рушди макроиқтисодӣ ва соҳаҳо дар Тоҷикистон бо назардошти ҳамгироии минтақавӣ, муносибатҳои тиҷоратӣ, энергетика ва об, масоили муҳити зист, безараргардонии партовгоҳҳои истихроҷи уран, рушди ҳамкориҳои дуҷониба, сиёсати хориҷӣ, демократия, волоияти қонун, озодиҳои шаҳрвандӣ, ҳуқуқи инсон ва таҳияи лоиҳаи протоколи ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, шоми 9 марти соли 2018 вохӯрии Завқизода Завқӣ – муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо бо Директори Департаменти рушди ҳамкориҳо оид ба кишварҳои Осиёи Марказӣ Пиэр Амилҳат баргузор гардид.

Дар вохурии мазкур масъалаи аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо дастгирӣ намудани буҷети давлатии кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамчунин аз ҷониби Завқизода Завқӣ маълумоти мухтасар оид ба рушди нишондиҳандаҳои макроиқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 пешниҳод гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...