Мусовии таассуфангези «Истиқлол» дар бозӣ бо «Олтин Асир»

Бозии чемпиони Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол» дар даври дуюми Ҷоми Конфедератияи футболи Осиё (КФО)-2018 дар гурӯҳи «D» бо тими «Олтин Асир»-и Ашқобод (Туркманистон) дар меҳмонӣ мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар қисми дуюми вохӯрӣ футболбозони дастаи «Истиқлол» ба дарвозаи ҳариф ду тӯб ворид намуда, ба соҳибони […]

Asia-Plus

Бозии чемпиони Тоҷикистон – дастаи футболи «Истиқлол» дар даври дуюми Ҷоми Конфедератияи футболи Осиё (КФО)-2018 дар гурӯҳи «D» бо тими «Олтин Асир»-и Ашқобод (Туркманистон) дар меҳмонӣ мусовӣ – 2 бар 2 анҷом ёфт.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар қисми дуюми вохӯрӣ футболбозони дастаи «Истиқлол» ба дарвозаи ҳариф ду тӯб ворид намуда, ба соҳибони майдон муяссар шуд, ки дар дақиқаҳои 90 ва 90+3-юм ҳисобро баробар кунанд.

Дар бозии дигари гурӯҳи «D» дастаи «Аҳал»-и Туркманистон дар майдони худ бар дастаи «Олой»-и Ош (Қирғизистон) бо ҳисоби калони 5 бар 0 дастболо шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои ду давр «Олтин Асир» ва «Истиқлол» бо касби 4-имтиёзӣ дар зинаи аввали ҷадвал қарор дошта, бо 3 имтиёз «Аҳал» зинаи сеюмро ишғол мекунад. «Олой» бидуни имтиёз дар зинаи охири ҷадвал ҷойгир аст.

Бозиҳои даври сеюми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» рӯзи 11 апрел баргузор мешаванд. «Истиқлол» дар варзишгоҳи Ҳисор тими «Олой»-ро қабул карда, ду дастаи Турманистон – «Аҳал» ва «Олтин Асир» дар Ашқобод бозӣ мекунанд.

Гузориши видеоии ҷараёни бозӣ

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.