Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзро дар Ню-Йорк пешвоз мегирад

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 23 март ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои СММ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз Ню-Йорк боздид мекунад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти СММ, аз ҷумла Дабири кулли Созмон Антониу Гутерриш […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 21 то 23 март ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои СММ бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз Ню-Йорк боздид мекунад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, дар шаҳри Ню-Йорк ҳамчунин дидору гуфтушунидҳои Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбарияти СММ, аз ҷумла Дабири кулли Созмон Антониу Гутерриш низ дар назар аст.

Қобили зикр аст, ки 14 марти соли 2018 Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об (ПСБМО) Ҳуҷҷати ҷамъбастии «Ҳар як қатраи об қимат аст: Рӯзномаи амал барои об»-ро нашр намуд, ки тавсияҳои ПСБМО ва ташаббусҳои онро дар самти ҳалли масъалаҳои об дар сатҳи маҳаллӣ, кишварӣ ва минтақавӣ, инчунин Рӯзномаи ҷаҳонӣ дар соҳаи рушдро фарогир аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ПСБМО бо ташаббуси Дабири кулли СММ ва Президенти Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ таъсис дода шуд. Ба он сарони 11 давлат ва ҳукуматҳо, аз ҷумла, Маврикий, Мексика, Австралия, Бангладеш, Венгрия, Урдун, Нидерландия, Перу, Африқои Ҷанубӣ, Сенегал ва Тоҷикистон, инчунин мушовири махсус-доктор Ҳан Сеунг-соо, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Корея шомил гардиданд.

Ҳуҷҷати ҷамъбастии ПСБМО тавсияҳои асосӣ ва ташаббусҳои наверо, ки аъзои ПСБМО таҳия кардаанд, дар бар мегирад. Дар маҷмӯъ, ин тавсияҳо ба муносибати ҳамаҷониба ва маҷмӯӣ нисбат ба таъмини дастрасӣ ва идоракунии устувори захираҳои об ва беҳдошт барои ҳама (ҲРУ 6), инчунин барои расидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои дигари рушди устуворе, ки бо захираҳои об алоқаманданд, мусоидат мекунанд.

Дар сомонаи Маркази иттилооти СММ қайд мешавад, ки соли 2030 бар асари норасоии оби ошомиданӣ 700 млн. нафар гуреза шуда метавонанд. Аллакай имрӯз қариб 40 фоизи аҳолии сайёра бо ин ё он сабаб аз норасоии оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Беш аз 2 млрд. нафар оби ифлос истеъмол намуда, 4,5 млрд. нафар аз хизматгузории бояду шояд дар бахши санитария маҳруманд.

Ёдрас мекунем, ки мувофиқи қатъномаи қабулшудаи Маҷмаи Умумии СММ аз моҳи июли соли 2010, ҳар як шахс ба дастрасии аз 50 то 100 литр об дар як шабонарӯз (барои як кас) барои эҳтиёҷоти шахсӣ ва маишии худ ҳуқуқ дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.