Навгониҳо дар газетаи «Азия-Плюс»: дизайн иваз шуд

Ин ҳафта газетаи «Азия-Плюс» бо тарҳи нав чоп шуда, ба ҷуз тағйироти зоҳирӣ, бахшҳои нав низ дар нашрия пайдо шуданд. Қобили зикр аст, ки  газетаи «Азия-Плюс» аз соли 2000 дар бозори матбуоти Тоҷикистон ҷой дошта, дизайн (тарҳ)-и газета ҳамагӣ 4 маротиба иваз шуд. Тағйироти ҳозира ба ислоҳоти бузургмиқёс марбут аст, ки айни замон дар гурӯҳи […]

Asia-Plus

Ин ҳафта газетаи «Азия-Плюс» бо тарҳи нав чоп шуда, ба ҷуз тағйироти зоҳирӣ, бахшҳои нав низ дар нашрия пайдо шуданд.

Қобили зикр аст, ки  газетаи «Азия-Плюс» аз соли 2000 дар бозори матбуоти Тоҷикистон ҷой дошта, дизайн (тарҳ)-и газета ҳамагӣ 4 маротиба иваз шуд.

Тағйироти ҳозира ба ислоҳоти бузургмиқёс марбут аст, ки айни замон дар гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ҷараён доранд.

«Дар «Азия-Плюс» низ имрӯз ислоҳот ҷараён дорад, – менависад дар шумораи имрӯзаи газета директори генералии гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» Умед Бобохонов. – Мо газета, сомона ва радиоямонро шавқовару фарогири масъалаҳои муҳими рӯз, ба хонандаву шунаванда, касоне, ки дар ҷомеаи муосиру рушдкунанда зиндагӣ доранду «бетараф будан намехоҳанд», наздиктар карданием. Бовар дорем, ки муваффақ мешавем ва умедворем, ки шумо низ ин тағйиротро пай бурда, баҳои ҳаққонӣ медиҳед».

Сохтори гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» аз газета (ду маротиба дар як ҳафта нашр мешавад), радио ва агентии иттилоотӣ, ҳамчунин маҷаллаи «VIPzone» иборат аст.

Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» аз соли 1996, газета – аз соли 2000 ва радио – аз соли 2002 фаъолият дошта, маҷаллаи «VIPzone» муддати 10 сол аст, ки нашр мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.