Эҳтимоли парвози ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Самарқанд

Парвози ҳавопаймои хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд, ки баъди танаффуси 25-сола аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» боз шуд,  метавонад бо таваққуф дар Самарқанд анҷом дода шавад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши нақлиёти ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, айни замон бо мусофирон таъмин будани хатсайри мазкур ба ҳисоби миёна наздики 33 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Парвози ҳавопаймои хатсайри Тошканд – Душанбе – Тошканд, ки баъди танаффуси 25-сола аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» боз шуд,  метавонад бо таваққуф дар Самарқанд анҷом дода шавад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз бахши нақлиёти ҳукумати Тоҷикистон хабар дод, айни замон бо мусофирон таъмин будани хатсайри мазкур ба ҳисоби миёна наздики 33 фоизро ташкил медиҳад.

«Яъне дар сурати қодир будани ҳавопаймо ба ҳамлу нақли беш аз 150 нафар мусофирон, ба ҳар парвози ин хатсайр наздики 50 билет фурӯхта мешавад», – гуфт манбаъ.

Изҳори умедворӣ шуд, ки баъди бекор шудани реҷаи раводид миёни кишварҳо, шумори мусофирони хатсайри мазкур зиёд мешавад.

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи апрели соли гузашта парвози ҳавопаймоҳо байни пойтахтҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон дубора барқарор шуд.

Ширкати миллии ҳавопаймоии «Ӯзбекистон ҳаво йуллари» ҳафтае як маротиба бо ҳавопаймои навъи А320 ба пойтахти Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад.

Арзиши билет ба хатсайри Душанбе – Тошканд агар он пешакӣ харида шавад – 650 сомонӣ (80 доллар) ва дар рӯзи парвоз – 90 долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.