Дастури Мирзиёев бобати оғози сафари бераводид аз 16 март

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 март бобати тасдиқи Созишнома дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон қарор ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбути сарвари давлати кишвари ҳамсоя. Ба иттилои манбаъ, муқаррароти Созишномаи мазкур то замони тасдиқи расмии он аз 16 марти соли 2018 нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Ӯзбекистон равуо мекунанд, тариқи […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 14 март бобати тасдиқи Созишнома дар бораи равуои мутақобилаи шаҳрвандони Ӯзбекистону Тоҷикистон қарор ба имзо расонид, иттилоъ медиҳад хадамоти матбути сарвари давлати кишвари ҳамсоя.

Ба иттилои манбаъ, муқаррароти Созишномаи мазкур то замони тасдиқи расмии он аз 16 марти соли 2018 нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба қаламрави Ӯзбекистон равуо мекунанд, тариқи транзит онро убур мекунанд ва муваққатан дар қаламрави ин кишвар ҳузур доранд, мавриди амал қарор мегирад.

Тибқи маълумоти сомонаи расмии ВКХ Ӯзбекистон, 14 март Ӯзбекистон расмиёти давлатии дохилии Созишномаи зикршударо ба анҷом расонида, президент Шавкат Мирзиёев онро тасдиқ намуд.

«Барои муҳайё сохтани шароити мусоид ба аҳолии кишварҳо дар остонаи ҷашни Наврӯз доир ба муваққатан мавриди амал қарор гирифтани Созишномаи мазкур нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон то тасдиқи расмии он қарор қабул шуд», – гуфта мешавад дар сомонаи ВКХ Ӯзбекистон.

Зимнан зикр мегардад, ки аз 16 марти соли 2018 шаҳрвандони Тоҷикистон бо ҳуҷҷатҳои аслии сафар (шиносномаи дипломатӣ, хидматӣ ва хориҷӣ) метавонанд бераводид то 30 рӯз дар қаламрави Ӯзбекистон ҳузур дошта бошанд.

Доир ба расман тасдиқ шудани Созишнома ва мавриди амал қарор гирифтани он нисбати шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври иловагӣ хабар дода мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.