Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳад гузошт

Asia-Plus

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ – ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, ки ин имкониятҳо бояд ба манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд.

Бино ба андешаи иштирокчиёни мулоқот ҳалли масъалаҳои мазкур самти муҳими ҳамкории минтақавӣ мебошад, зеро дигаргуншавии вазъ дар як мамлакат ба амнияти тамоми минтақа таъсири манфӣ мерасонад.

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр намуд, ки минтақа дорои имкониятҳои бузурги истифоданашуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн мебошад.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои дахлдорро баҳри аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда дар роҳи таъмини рафтуомади озоди сокинони минтақа, табодули мол, қувваи корӣ ва сармоя муҳим арзёбӣ намуд. Ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитӣ барои тарафҳо муфид номида шуд.

Яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои обию энергетикӣ бо дарназардошти манфиати ҳамаи тарафҳо мебошад. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафт ва рушди устувори минтақа хоҳад буд.

Дар ин робита Президенти и Тоҷикистон иброз намуд, ки: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард».

«Имрӯз ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд», – таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар охири кори ҳамоиш Изҳороти муштараки Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҷашни байналмилалии Наврӯз қабул гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...