Эмомалӣ Раҳмон: Тоҷикистон ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳад гузошт

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ – ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 15 март дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ – ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, ки ин имкониятҳо бояд ба манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд.

Бино ба андешаи иштирокчиёни мулоқот ҳалли масъалаҳои мазкур самти муҳими ҳамкории минтақавӣ мебошад, зеро дигаргуншавии вазъ дар як мамлакат ба амнияти тамоми минтақа таъсири манфӣ мерасонад.

Сарвари давлати Тоҷикистон зикр намуд, ки минтақа дорои имкониятҳои бузурги истифоданашуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн мебошад.

Дар ин робита Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои дахлдорро баҳри аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда дар роҳи таъмини рафтуомади озоди сокинони минтақа, табодули мол, қувваи корӣ ва сармоя муҳим арзёбӣ намуд. Ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитӣ барои тарафҳо муфид номида шуд.

Яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои обию энергетикӣ бо дарназардошти манфиати ҳамаи тарафҳо мебошад. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафт ва рушди устувори минтақа хоҳад буд.

Дар ин робита Президенти и Тоҷикистон иброз намуд, ки: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард».

«Имрӯз ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд», – таъкид дошт Сарвари давлати Тоҷикистон.

Дар охири кори ҳамоиш Изҳороти муштараки Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҷашни байналмилалии Наврӯз қабул гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.