460 млн. доллар. Чунин аст маблағи қарордодҳои ТАЛКО бо ширкатҳои Ӯзбекистон

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаҳои фаръии он бо ширкатҳои Ӯзбекистон ба маблағи умумии наздики 460 млн. доллар 5 қарордод ба имзо расонид. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, аз ҷумла байни ТАЛКО ва ҶС «Узбекнефтегаз» дар бораи маблағгузории ба кор даровардани 200 адад электролизер дар ширкати тоҷикистонӣ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ва корхонаҳои фаръии он бо ширкатҳои Ӯзбекистон ба маблағи умумии наздики 460 млн. доллар 5 қарордод ба имзо расонид.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар дод, аз ҷумла байни ТАЛКО ва ҶС «Узбекнефтегаз» дар бораи маблағгузории ба кор даровардани 200 адад электролизер дар ширкати тоҷикистонӣ  Ёддошти тафоҳум ба имзо расидааст.

Маблағи умумии қарордоди мазкур, ки амалисозиаш давоми солҳои 2018-2020 ба нақша гирифта шудааст, 320 млн. доллар арзёбӣ мешавад.

Ғайр аз ин, ТАЛКО бо ширкати «KRANTAS GROUP»-и Ӯзбекистон Созишномаи қолабии ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки дар он таъсиси корхонаи муштарак оид ба  истеҳсоли техникаи махсуси авотомобилӣ ва сохтмон пешбинӣ шудааст.

Барои таъсиси ин корхонаи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 3,5 млн. доллар маблағ зарур буда, анҷоми сохтмони он то соли 2020 дар назар аст.

Ҳамчунин миёни ТАЛКО ва ширкати ӯзбекистонии «Техно Кабел Групп» дар бораи интиқоли сими алюминӣ (катанка) ба Ӯзбекистон ба маблағи умумии 75 млн. доллар Ёддошти тафоҳум ба имзо расида, амалисозии он давоми солҳои 2018-2020 ба нақша гирифта шудааст.

Илова бар ин ширкати «Талко Менеҷмент Лтд» ва ширкати ӯзбекистонии «Блу Белл Глобал Венчер» доир ба таҳвили коагулянт, ангишт ва флюорит ба Ӯзбекистон дар муддати се сол ба маблағи 52,5 млн. доллар Ёддошти тафоҳум ба имзо расониданд.

Ширкати дигари фаръии ТАЛКО – «Ноқили ТАЛКО» ва ширкати ӯзбекистонии «Техно Кабел Групп» дар бораи интиқоли мис, фурӯши сим ва ноқилҳои алюминӣ ба Ӯзбекистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида, маблағи умумии ин санад, ки амалисозиаш тӯли солҳои 2018-2020 пешбинӣ шудааст, 9 млн. долларро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.