Соҳаҳои кори манъ барои муҳоҷирон дар Сахалин зиёд мешавад

Asia-Plus

Раёсати ВКД Русия дар вилояти Сахалин зиёд кардани рӯйхати соҳаҳои кори манъ барои муҳоҷиронро пешниҳод намуд.

«Таҳлили вазъи ҷинояткорӣ дар бахши муҳоҷират зарурати роҳандозии сиёсати мутавозинро тақозо мекунад. Зимни санҷиши муҳоҷир бо кадом мақсад ба Сахалин омадани ӯро наметавон муайян кард. Ин рӯйхатро бамаротиб зиёд кардан лозим аст», – гуфтааст сардори Раёсати ВКД Сахалин Олег Долгий, менависад «Интерфакс».

Тавре хабар дода мешавад, маҳдудияти кор дар вилояти Сахалин барои хориҷиён аз соли 2016 амал мекунад. Ба соҳаҳое, ки дар он кор ба муҳоҷирон манъ аст, аз ҷумла бахшҳои истеҳсоли нон ва маснӯоти қаннодӣ, нақлиёти мусофиркаш (автобус) ва такси, як қатор самтҳои савдо ва сохтмон дохил мешаванд.

Охири соли гузашта ин номгӯй афзуда, кор барои муҳоҷиронро дар таваққуфгоҳҳои воситаҳои нақлиёт ва агентиҳои посбонӣ, ки дар иншооти муҳим аз лиҳози иҷтимоӣ, аз қабили мактабу бемористон амниятро таъмин мекунанд, низ манъ карданд.

Хабаргузории Фергана дар ин робита қайд мекунад, ки муҳоҷирони кории Сахалинро асосан шаҳрвандони Ӯзбекистону Қирғизистон ва ҳамчунин Тоҷикистон ташкил медиҳанд.

Бино ба маълумоти мақомоти омори Сахалин, соли 2017 ба вилоят 25.025 нафар муҳоҷирон омадаанд, ки 14.056 нафар – ба зисти доимӣ, 10.969 нафар – ба иқомати муваққатӣ ба муҳлати беш аз 9 моҳ ворид шудаанд ва аксари онҳо (72,8%) аз кишварҳои узви ИДМ мебошанд.

Тибқи маълумоти Сарраёсати масоили муҳоҷирати ВКД Русия, соли 2017 дар Русия беш аз 15,7 млн. нафар ба қайди муҳоҷират гузошта шудаанд, ки наздики 7,7 млн. нафарашон зодагони минтақаи Осиёи Марказӣ мебошанд.

Аз ин миқдор 4.082.377 нафарро – шаҳрвандони Ӯзбекистон, 587.728 нафарро – шаҳрвандони Қазоқистон, 879.575 нафарро – шаҳрвандони Қирғизистон, 2.106.256 нафарро – шаҳрвандони Тоҷикистон ва 74.225 нафарро шаҳрвандони Туркманистон ташкил додаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...