Кӯчаҳои Душанбе бори навбатӣ табдили ном карданд

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳи раёсати раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ масъалаи табдили номи чанде аз кӯчаҳои Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҷиҳати иҷрои амри Президенти Тоҷикистон Боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба боғи " Низомиддин Алишер Навоӣ" номгузорӣ карда […]

Asia-Plus

Дар иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе таҳи раёсати раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ масъалаи табдили номи чанде аз кӯчаҳои Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, ҷиҳати иҷрои амри Президенти Тоҷикистон Боғи "50-солагии ҷавонон", воқеъ дар кӯчаи Беҳзоди шаҳри Душанбе ба боғи " Низомиддин Алишер Навоӣ" номгузорӣ карда шуд.

Масъулин ва сохторҳои дахлдор ҷиҳати дар боғи мазкур гузоштани пайкараҳои Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишер Навоӣ, ҳамчун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон вазифадор гардиданд, ки оид ба таҳияи лоиҳаи Қарори Раиси шаҳри Душанбе "Дар   бораи эълони озмуни муҷассамаҳои беҳтарин мутафаккирон" чораҷӯӣ намоянд.

Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо мақсади иҷрои қонуни забони давлатӣ Қонуни номи кӯчаи "Ташкентская"-ро ба номи Тошканд, кӯчаи "Варзобская"-ро ба номи Варзоб,кӯчаи Варзоб ГЭС-и болоро ба номи Шаббода,  кӯчаи "Московская"-ро ба номи Москва, кӯчаи Тунисро ба номи Хоразмӣ иваз кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.