Зинаи 124-уми мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги ФИФА

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 15 март ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  1 зина боло рафта, бо 255 имтиёз зинаи 124-умро ишғол мекунад. Рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 12 апрел ба нашр мерасад. Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 22-юм қарор […]

Asia-Plus

Дар рейтинги нави Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА), ки санаи 15 март ба нашр расид, мунтахаби футболи Тоҷикистон  1 зина боло рафта, бо 255 имтиёз зинаи 124-умро ишғол мекунад.

Рейтинги навбатии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол (ФИФА) санаи 12 апрел ба нашр мерасад.

Миёни 46 дастаи мунтахаби Конфедератсияи футболи Осиё мунтахаби Тоҷикистон дар зинаи 22-юм қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки мунтахаби футболи Тоҷикистон моҳи гузашта ягон вохӯрии расмӣ нагузаронидааст. Вохӯрии даври охири мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар гурӯҳи «F» байни дастаҳои Филиппин ва Тоҷикистон санаи 27 март дар Манила баргузор шуда, соати 19:30 ба вақти маҳаллӣ (16:30 – вақти Душанбе) оғоз мегардад.

Пеш аз даври охир дар ҷадвали мусобиқа дар гурӯҳи «F» дастаи Филиппин пешсаф аст, ки 9 имтиёз дорад. Дастаҳои Яман ва Тоҷикистон бо касби 7-имтиёзӣ дар зинаҳои дуюм ва сеюми ҷадвал қарор доранд.

Барои роҳ ёфтан ба даври ниҳоии мусобиқаи Ҷоми Осиё-2019, ки моҳи январи соли оянда дар Амороти Муттаҳидаи Араб доир мегардад, дар бозӣ бо соҳибони майдон – тими Филиппин ба мунтахаби Тоҷикистон танҳо ғалаба зарур аст.

Рейтинги ФИФА аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи ФИФА ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 ва натиҷаи бадтаринаш ҷойи 180-ум дар соли 2003 мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.