Як соат тамдиди муҳлати парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ ба Маскав

Заррина Эргашева, Asia-Plus

Бо қарори Росавиатсия муҳлати парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ зиёд шуда, аз ин ба баъд «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» зимни парвоз бояд аз дигар хатсайрҳои ҳавоии масофаашон нисбатан дарозтар истифода кунанд.

Дар мақомоти марбутаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки онҳоро аз қабули ин қарор рӯзи 7 март огоҳ намуда, қоидаҳои нав аз санаи 8 март ҷорӣ шудаанд.

Дар огоҳиномаи ба Тоҷикистон ирсолшуда аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия қайд мешавад, ки тағйири нуқтаҳои вуруд/хориҷ барои хатсайрҳои мунтазами ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон ба сершумор (сербор) будани ҳаракати ҳавопаймоҳо дар ин самти роҳ вобаста аст.

Роҳи хатсайрҳои ҳавоӣ аз Тоҷикистон ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут, Самара, Новосибирск, Красноярск, Иркутск, Қазон ва Оренбург тағйир дода шуд.

Дар доираҳои марбут ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Русия бо хатсайрҳои пешина парвоз анҷом медиҳанд, ки акнун нисбат ба ширкатҳои тоҷикистонӣ афзалияти бештарро соҳиб мешаванд.

Масалан, аз рӯи хатсайри нав муҳлати парвози ҳавопаймои ширкати тоҷикистонӣ то Маскав ба ҳисоби миёна – як соат (тахминан 5 соат мешавад) ва шаҳри Санкт-Петербург – тақрибан 40 дақиқа зиёд мешавад.

«Ин қарор ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистонро дар вазъи нобаробар бо ширкатҳои русиягӣ мегузорад, ки роҳи хатсайрҳояшон иваз намешавад. Дар парвоз бо роҳи нави хатсайр ширкатҳои Тоҷикистон бештар сӯзишворӣ харҷ мекунанд», – гуфт манбаъ.

Қобили зикр аст, ки қабули қарори мазкур аз ҷониби Росавиатсия дар партави мушкилоти ахиран пайдошуда байни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия сурат мегирад.

Қаблан парвози ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» аз Перм ба Душанбе манъ шуда, Тоҷикистон изҳор намуд, ки чунин иҷозатнома надодааст, вале ширкати русиягӣ бидуни иҷозатнома ба ин хатсайр билет фурӯхт. Ҳамин тариқ, дар натиҷаи аз ҷониби Тоҷикистон ба парвоз иҷоза надодан, рӯзи 13 март парвози ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии» тариқи хатсайри Перм – Душанбе иҷро нашуд.

Вазорати нақлиёти Русия дарҳол дар сомонаи расмии худ расман изҳор дошт, ки нисбати Тоҷикистон аз «тадбирҳои ба ин монанд» кор мегирад.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сабаби иҷозатнома надодан ба парвози ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии»-ро нобаробарӣ дар анҷоми парвозҳо шарҳ доданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...