Эмомалӣ Раҳмон зиёиёнро ба ҳифзи манфиатҳои миллӣ даъват кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо назардошти таҷрибаи талхи гузаштаи хеш, истифодаи нерӯи тавонои илмиву эҷодии аҳли зиё ба таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мувофиқи […]

Наим Халимов

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни фархундаи Наврӯзи байналмилалӣ бо зиёиёни мамлакат мулоқоти самимию судманд анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ дар мулоқот Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки бо назардошти таҷрибаи талхи гузаштаи хеш, истифодаи нерӯи тавонои илмиву эҷодии аҳли зиё ба таҳкими ваҳдат ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мувофиқи мақсад аст.

«Вобаста ба ин, зиёиёни кишвар бояд бо мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон мунтазам вохӯриҳо гузаронида, ғояҳои давлатдорӣ, таҳкими сулҳу субот ва арзишҳои фарҳанги миллиро фаъолона тарғиб намоянд», – таъкид дошт президент.

Зимнан зикр шуд, ки дар кишвар зиёда аз 2900 ёдгории таърихиву меъморӣ мавҷуд буда, 695-тои он ба таъмиру навсозии ҷиддӣ ниёз доранд.

«То имрӯз мо барои таъмиму барқарорсозии ёдгориҳои зикршуда, аз ҷумла қалъаи Ҳисор даҳҳо млн. сомонӣ сарф кардем. Вале натиҷаи корҳо қаноатбахш нест. Масъулон ба ин масъала муносибати ҷиддӣ намекунанд, чунки завқ надоранд», – қайд кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуд, ки  муҳаққиқон доир ба ҷашну маросим ва ойинҳои миллӣ “Донишномаи ҷашнҳои миллии тоҷикон” – ро таҳия карда, ба нашр расонанд ва суннату арзишҳои тоҷиконро ба оламиён муаррифӣ намоянд.

Ҳамчунин аз сохторҳои марбутаи давлатӣ ва ҷамъиятӣ талаб шуд, ки назорати қатъии риояи муқаррароти қонуни забони давлатиро дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла забони китобҳои илмиву таълимӣ ва маводи иттилоотӣ таъмин намоянд.

Сарвари давлат хотиррасон намуд, ки дар ҷараёни сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ҷонибҳо доир ба истифодаи озодона ва рушди забонҳои модарии тоҷикон дар Ӯзбекистон ва ӯзбекҳо дар Тоҷикистон созиш ҳосил карданд.

«Акнун вазифаи зиёиён аст, ки ин масъалаҳоро тавассути баргузор намудани ҳамоишу конфронс, суҳбату машваратҳои илмиву фарҳангӣ ва омӯзишу таҳқиқи якҷоя баррасӣ намоянд», – таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 69

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон аз 1 кас дар як рӯз қариб ним кг партови сахт ҷамъоварӣ мешавад

Ин нишондиҳанда нисбат ба Ӯзбекистон ва Қазоқистон камтар аст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 17 апрели соли 2026

Аз интихоби раиси Маҷлиси миллӣ то зодрӯзи Абдулаҳад Қаҳҳоров ва даргузашти Сталина Азаматова

#AP30/Коршинос. Рашид Ғанӣ Абдулло: “Азия-Плюс”муаррифи Тоҷикистон шуд

Сиёсатшинос ва таҳлилгари шинохтаи тоҷик ба табрики “Азия-Плюс” омад ва дар бораи мавқеи он дар арсаи расонаҳои кишвар ва минтақа андешаашро иброз дошт.