Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг ҷашн гирифта мешавад. Дар назди бинои донишкада намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дастовардҳои аҳли фарҳанг баргузор мегардад; – Дар Душанбе Рӯзи макарон ҷашн гирифта мешавад. Дар қаҳвахонаи Mazza Cafe (хиёб. Рӯдакӣ 32) ба мнуисбати ин ҷашн чорабинӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00. ҚУРБИ АСЪОР […]

Asia-Plus

АНОНС

– Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи фарҳанг ҷашн гирифта мешавад. Дар назди бинои донишкада намоиши ҳунарҳои бадеии халқӣ ва дастовардҳои аҳли фарҳанг баргузор мегардад;

– Дар Душанбе Рӯзи макарон ҷашн гирифта мешавад. Дар қаҳвахонаи Mazza Cafe (хиёб. Рӯдакӣ 32) ба мнуисбати ин ҷашн чорабинӣ доир мегардад. Оғоз соати 11:00.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  8.8224 сомонӣ;

1 евро – 10.8613 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1523 сомонӣ.  

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Дар Тоҷикистон Рӯзи зиёиёни эҷодкор таҷлил мегардад.

1943 – Рӯзномаи «Правда» «Мактуб ба ҷанговарони тоҷик аз халқи тоҷик»-ро ба чоп расонид, ки аз ҷониби зиёда аз 390 ҳазор меҳнаткашони ҶШС Тоҷикистон ба имзо расида буд.

2007 — Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани хишти аввали сохтмони бинои Комплекси манзилҳои истиқоматӣ барои ҷавонон ва Кохи ҷавонон иштирок кард.

2007 — Дар Душанбе бинои нави маҷмааи туркии «Vefa Center» боз гардид.

1931 – Зодрӯзи шоир ва драматург Файзулло Ансорӣ.

1932 – Мавлуди олим-фолклоршинос Асадулло Сӯфизода.

1940 – Зодрӯзи дирижёр Ҷӯрахон Обидов.

1941 – Мавлуди Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Убайдулло Раҷабов.

1942 – Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Парвона Ҷамшедов.

1952 – Мавлуди нависанда Муаззами Аҳмад.

1952 – Зодрӯзи нависанда Сафар Амирхон.

1958 – Мавлуди драматург Ҷумъа Қуддус.

ВАЗЪИ ОБУҲАВО

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24; дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +12+17.

Дар вилояти Хатлон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +23+28; дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбандаи бебориш.

Ҳарорат: дар ғарб шабона -4+1, рӯзона +9+14; дар шарқ шабона -10-15, рӯзона +2+7.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

 Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25; дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +14+19.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +20+22.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +24+26.    

Дар шаҳри Хоруғ— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона 0-2, рӯзона +9+11.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.