Тавсияҳои Вазорати фарҳанг оид ба сарулибоси занон

Дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дастури сарулибоси тавсияшуда барои духтарон ва занон дар Тоҷикистон» китоби тарҳу ангораҳои сарулибоси занона ба нашр расид. Китоб бо теъдоди 300 нусха бо забони тоҷикӣ дар 368 саҳифа дар матбааи «Эр-Граф» чоп шуда, нархаш 110 сомонӣ аст. Дар ин китоб тавсияҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ доир ба чӣ гуна сарулибос ба бар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон таҳти унвони «Дастури сарулибоси тавсияшуда барои духтарон ва занон дар Тоҷикистон» китоби тарҳу ангораҳои сарулибоси занона ба нашр расид.

Китоб бо теъдоди 300 нусха бо забони тоҷикӣ дар 368 саҳифа дар матбааи «Эр-Граф» чоп шуда, нархаш 110 сомонӣ аст.

Дар ин китоб тавсияҳои Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ доир ба чӣ гуна сарулибос ба бар кардани духтарону занон дар чорабиниҳои гуногун ва ҳаёти рӯзмарра зикр мешавад.

Сарулибоси тавсияшуда барои арӯсон, ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз ва Меҳргон

Дар китоб барои духтарону заноне, ки дар сохторҳои давлатӣ кор мекунанд, низ тарҳҳои пӯшидани чӣ гуна сарулибос тавсия дода мешавад.

Сарулибоси тавсияшуда барои занони кормандони сохторҳои давлатӣ

Ҳамчунин дар дастур оид ба сарулибоси занони синни аз 7 то 70 солаи Тоҷикистон дар рӯзҳои истироҳат тарҳҳо пешниҳод шудааст.

Дар фасли 11-и китоб ба духтарону занони Тоҷикистон пӯшидани либосу рӯймоли сиёҳ, ҳиҷоби сиёҳ, либоси беҳад ошкори аврупоӣ, домани кӯтоҳ (мини юбка) либосҳои урён (деколте, топик), либос аз матоъи шаффофу намоён, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба бар кардани калӯшу тапочка, либоси хонагӣ, шимҳои танг, либос аз матоъи синтетикӣ ва либоси зараровар барои солимӣ тавсия дода намешавад.

Сарулибоси тавсияшудаи рӯзмарра (сайругашт, рӯзҳои истироҳат)

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.