Омодагии ширкати сайёҳии ИМА ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ вохӯрии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо президенти ширкати амрикоии “Rovia” (Ровиа) Ҷим Менҷ баргузор гардид. Муовини раиси Кумита Ширин Амонзода изҳор намуда, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, ширкатҳои сайёҳӣ ба ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо ширкатҳои амрикоӣ барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон […]

Иттилоияи расмӣ

Бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ вохӯрии ширкатҳои сайёҳии ватанӣ бо президенти ширкати амрикоии “Rovia” (Ровиа) Ҷим Менҷ баргузор гардид.

Муовини раиси Кумита Ширин Амонзода изҳор намуда, ки соли 2018 дар Тоҷикистон Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуда, ширкатҳои сайёҳӣ ба ҳамкорӣ дар бахши сайёҳӣ бо ширкатҳои амрикоӣ барои тарғибу ташвиқи имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ ва рушди инфрасохтори сайёҳӣ омодаанд.

Президенти ширкати амрикоии “Rovia” (Ровиа) зикр намуд, ки барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо ширкатҳои сайёҳии тоҷикистонӣ омода буда, ҷиҳати ҷалби васеи сайёҳони кишвари Амрико ба ин сарзамини биҳиштосо кӯшиш менамояд.

Қобили қайд аст, ки “Rovia” (Ровиа) яке аз ширкатҳои сафарии пешқадами саноатӣ ва таъминкунандаи хизматрасонии маҷмӯӣ, пешниҳодҳои калидӣ барои шарикони тиҷоратӣ ва ширкатҳои сайёҳии аъзо мебошад. Инчунин, ширкат тавассути шабакаҳои васеи шарикони асосӣ, сафарҳои омӯзиширо барои истироҳат дар саросари ҷаҳон пешниҳод менамояд.

Иқтидори ширкат хеле бузург буда, дар соли 2016, ба ташкили 6000 сафарҳо, хизматрасонӣ ба 800 000 мусофир, гуруҳҳоро ба 80 мамлакати дунё, мусофиронро ба 170 давлати ҷаҳон равона намудааст.

Дар кори вохӯрӣ захира ва имкониятҳои сайёҳии мамлакат аз тариқи презентатсия ва роликҳои таблиғотӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуда, ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои бузурги сайёҳии экологӣ, таърихию фарҳангӣ, табобатию солимгардонӣ, кӯҳнавардӣ ва шикории Ватани азизамонро муаррифӣ намуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.