Нахустин фестивали фарҳангиву сайёҳӣ дар «Боғи Ирам»

Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо нахуст дар «Боғи Ирам»-и пойтахт рӯзи 22 март таҳти унвони  “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳӣ  баргузор мешавад. Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир мегардад. Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар доираи […]

Акмал Маннонов, Asia-Plus

Дар доираи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ бо нахуст дар «Боғи Ирам»-и пойтахт рӯзи 22 март таҳти унвони  “Наврӯз мероси фарҳангии сайёҳӣ” фестивали фарҳангию сайёҳӣ  баргузор мешавад.

Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва таҳти сарпарастии президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ доир мегардад.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар доираи фестивал ҷашни Наврӯз ҳамчун бренди миллии сайёҳии Тоҷикистон ба меҳмонону сайёҳон, ки дар арафи ид ба ҷумҳурӣ меоянд, муаррифӣ мешавад.

«Ширкатҳои сайёҳии ватанӣ имкониятҳои сайёҳии кишвар ва ҳунармандони ҷумҳурӣ ҳунарҳои дастии худро ба маърази тамошо гузошта,  барномаи фароғатӣ-сайёҳӣ ташкил карда мешавад», – гуфтанд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки ба ин чорабинӣ намояндагони сафоратҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Душанбе даъват шуда, дар маҷмӯъ аз иштироки беш 4 ҳазор нафар дар фестивал интизорӣ меравад.

Фестивали фарҳангию сайёҳӣ соати 11:00 дар «Боғи Ирам» оғоз гардида, муддати тамоми рӯз идома меёбад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.