Эмомалӣ Раҳмон президенти Мисрро бо пирӯзӣ дар интихобот табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Арабии Миср Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ ба муносибати пирӯзӣ  дар интихоботи президентии ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон мешавад, ки тайи давраи нави фаъолият  кишварҳои Тоҷикистону Миср муколамаи созандаро  чи  дар сатҳи дуҷониба ва чи дар арсаи байналмилалӣ ба манзури густариши бештари ҳамкориҳояшон дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла иқтисоду тиҷорат, илму маорифу фарҳанг ва мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ, идомаи самарабахш хоҳанд дод.

«Бо истифода аз фурсати нек ва таъкиди омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои саъю талошҳои муштарак дар ҷодаи таъмиқу тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Миср муҷаддадан менамоям», – омадааст дар барқия.

Бино ба маълумоти хабаргузории РБК, дар маъракаи интихоботи президенти Миср ба ҷонибдории сарвари давлати амалкунандаи ин кишвар Абдулфаттоҳ ас-Сисӣ  97% ё худ 21 млн. 835 ҳазору 387 интихобкунандагон овоз доданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...