Президент ба аёдати Бозор Собири бемор дар ИМА дастур дод

Asia-Plus

Бозор Собир – шоири маҳбуби тоҷик, ки чанде пеш ба аёдати фарзандон ба Иёлоти Муттаҳидаи Америка сафар карда буд, бар асари беморӣ дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтл бистарӣ гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ин хабар огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, Намояндагии ҶТ дар СММ ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ додд, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Қобили зикр аст, ки шоири шинохтаи тоҷик Бозор Собири 79-сола дар бемористони шаҳри Сиэтли ИМА бистарист. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим хабар дод.

«Вақтҳои охир Бозор Собир худро бад ҳис мекард ва бо ҳамин сабаб баҷашни Наврӯз ба Тоҷикистон омада натавонист. Мо бо ӯ тариқи телефон гап зада, шоир изҳор намуд, ки табибон ба ӯ сафарҳои тӯлониро иҷоза намедиҳанд», – хабар дод Низом Қосим.

Зимнан зикр шуд, ки Бозор Собир чанд рӯз пеш дар бемористон бистарӣ шуда, аз вазъи ҳозираи шоир ӯ хабар надорад.

Дар бораи бемории Бозор Собир рӯзи 5 апрел Барот Қодирӣ дар саҳифааш дар Фейсбук бо истинод ба наздикони шоир хабар дод. Ӯ навишт, ки шоир  5 рӯз боз дар шуъбаи эҳёгарӣ (реаниматсия) таҳти табобат қарор дорад.

Радиои Озодӣ менависад, Гулчеҳра Собир – ҳамсари Бозор Собир – шоири маъруфи тоҷик гуфтааст, ки ӯ як ҳафта боз дар бемористони Сиэтл бистарист ва вазъаш бисёр вазнин аст: «Сахт маззааш нест. Дар бемористон дар паҳлӯяш истодаам. Тамоман сиҳат нестанд». Аммо ӯ дар бораи бемории Бозор Собир ҷузъиёт надодааст. Танҳо гуфтааст, ки шоири маъруф аз дарди қалб ранҷ мекашад.​ 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...