Вазорати нақлиёт: Вақти парвоз ба Маскав чун пешина шуд

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон изҳор мекунад, ки давомнокии вақти парвоз бо хатсайри Душанбе – Маскав ва Маскав – Душанбе баъди гуфтушуниди мақомоти авиатсионии кишварҳо, ки санаи 4 апрел дар Маскав баргузор шуд, мисли пешин барқарор шуда, боз 3 соату 46 дақиқаро ташкил медиҳад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан бо қарори Росавиатсия муҳлати парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои тоҷикистонӣ зиёд шуда, «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» зимни парвоз бояд аз дигар хатсайрҳои ҳавоии масофаашон нисбатан дарозтар истифода мекарданд.

Масалан, аз рӯи хатсайри нав муҳлати парвози ҳавопаймои ширкати тоҷикистонӣ то Маскав ба ҳисоби миёна – як соат (тахминан 5 соат мешавад) ва шаҳри Санкт-Петербург – тақрибан 40 дақиқа зиёд шуда буд.

Тавре ба «Азия-Плюс» Шералӣ Ганҷалзода, муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, дар гуфтушуниди мақомоти авиатсионии кишварҳо натанҳо масъалаи шумори хатсайрҳои ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва ҷадвали тобистонаи парвозҳо, балки давомнокии вақти парвозҳо низ баррасӣ шуд.

«Ҳамааш чун пешина барқарор шуд: ба ширкатҳои тоҷикистонӣ нуқтаҳои пешинаи вуруд/хориҷ барои хатсайрҳои мунтазам баргардонида шуд», – гуфт ӯ.

Зимнан илова шуд, ки ба ҷадвали мавсими тобистонаи парвозҳо 4 самти нав: Перм – Душанбе, Жуковский – Кӯлоб, Челябинск – Хуҷанд ва Краснодар – Хуҷанд илова шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...