Марат Орипов: Дар хонаи худ зиндагӣ кардан мехоҳам

Asia-Plus

Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Марат Орипов ва аъзои оилаи ӯ аз президенти ҷумҳурӣ ва раиси пойтахт дархост доранд, ки мушкилоти кӯчбандии онҳоро ҳал кунанд.

Ходими маъруфи фарҳанг, актёри кино ва коргардон Марат Орипов имрӯзҳо дар манзили иҷора зиндагӣ мекунад, зеро то ҳол ба оилаи ӯ маблағи хонаи кӯчидашудаашонро напардохтаанд.

«Аз соли 1957 мо дар кӯчаи Ғанӣ Абдулло (феълан Ҳанифа Мавлонова) иқомат доштем, – ҳикоят мекунад ҳамсари ҳунарманд Геновайте Орипова, – Ду сол пеш ба сокинони кӯча варақаҳои бемуҳру бесанаи имзошуда аз ҷониби раиси ноҳияи Исмоили Сомониро тақсим карданд, ки дар он танҳо зикр шуда буд, ки ба мақомоти ноҳия ҳуҷҷатҳои манзилро пешниҳод намуда, аз сохтмони минаъда ва таъмир дар хонаҳоямон худдорӣ кунем. Ва дигар ҳеҷ чиз. Моҳи октябри соли гузашта намояндагони раҳбарияти ноҳия омада, гуфтанд, ки ба шумо барои кӯчидан як моҳ муҳлат дода мешавад».

Ба қавли Орипова, ба сокинони кӯча ба ивази хонаҳояшон интихоби хона дар биноҳои нав ё гирифтани пули манзилро пешниҳод намуданд.

«Ҳанӯз замони аввалин бор хабар додан дар бораи кӯчидан ҳамсарам бо таассуф онро қабул намуда, аз андӯҳу ғамхӯрии зиёд бори дуюм ба бемории сактаи майна (инсулт) гирифтор шуд. Аз ҳамон вақт бистарӣ аст. Маҳз барои ҳамин мо тасмим гирифтем, ки пул гирифта, дар бинои нав бо назардошти муҳайё кардани шароити мусоид барои шавҳари беморам хона мехарем, лекин аллакай ним сол паси сар шуда, ба мо то ҳол пули хонаамонро пардохт накардаанд», – мегӯяд Геновайте Орипова.

Оилаи онҳо хонаро ҳанӯз моҳи ноябри соли гузашта ба иҷора гирифта буд.

«Вақте дар маҷлис дар бораи кӯчонидан хабар доданд, мо аз аввалинҳо шуда, розӣ шудем, зеро медонем, ки хонаҳо тибқи нақшаи генералӣ кӯчонида мешаванд, – мегӯяд Анӯшервон, писари ҳунарманд. – Чизҳоямонро ҷамъ кардем, лекин баъди як моҳ ҳеҷ касе ба мо барои хона пул надод. Аз ин рӯ, бо фарорасии сардиҳо ва назардошти вазъи падарам, қарор додем, ки хона ба иҷора мегирем».

Айни замон оилаи Ориповҳо дар вазъи молии душвор қарор дошта, барои хӯроку доруворӣ, маблағи иҷора ва дигар эҳтиёҷот пул лозим аст. Ғайр аз ин, онҳо ҳамаи воситаҳои тайи солҳои охир ҷамъовардаашонро барои хона дар бинои нав гаравпулӣ пардохт намудаанд.

Худи ҳунарманди маъруф ҳарчанд аз ин ҳолат бо оилааш бисёр ғамгину дар ташвиш бошад ҳам, лекин рӯхафтодагиашро нишон намедиҳад.

«Ҳар субҳ бедор шуда, хонаамро аз назар мегузаронидам, ки дар он суратҳои наздикони ман овезон буданд, китобхонаи калон буд, китоб гирифта мехондам, – мегӯяд Марат Орипов. – Ҳозир онҳоро муваққатан ба шиносу хешовандон додем. Дар хонаи бегона зиндагӣ дорем. Мехоҳам, ки ба президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ муроҷиат намоям. Дар ҳалли мушкило мо кумак кунед. Ман аллакай пиру ҳозир чунин аст, ки қариб бехонаам. Дар хонаи худам зиндагӣ кардан мехоҳам…».

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...