Тағйироти кадрӣ дар сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон

Дар сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳмон Носир – директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Давлатзода Сайфиддин муовини вазири маориф ва илм, Аҳмадзода Орзу – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширинҷонзода Маҳмуд – муовини аввал, Қаландарзода Ҳабибулло – муовини […]

Asia-Plus

Дар сохторҳои гуногуни давлатии Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ Раҳмон Носир – директори муассисаи давлатии “Тоҷикфилм”, Давлатзода Сайфиддин муовини вазири маориф ва илм, Аҳмадзода Орзу – муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Ширинҷонзода Маҳмуд – муовини аввал, Қаландарзода Ҳабибулло – муовини раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумат ва Қурбонзода Амирхон Файзулло – муовини раиси вилояти Хатлон таъин гардиданд.

Президент Муминзода Бахтиёр Муминро фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ва Бобозода Хисрав Хоркаш муовини Фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигард таъин кард.

Дар мувофиқа бо Президенти ҶТ прокуророни ноҳияҳои Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва Муминободи вилояти Хатлон, прокуророни шаҳрҳои Гулистон, Истиқлол, ноҳияҳои Ашт, Деваштич ва Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд таъин гардида, дар якчанд Раёсат ва сохторҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия низ тағироти кадрӣ сурат гирифт.

Раисони судҳои ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Шаҳристон, Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, раисони суди шаҳрҳои Бохтар, Леваканд ва ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, раиси суди ноҳияи Мурғоби ВМКБ, раиси суди иқтисодии ВМКБ, раиси суди иқтисодии вилояти Хатлон, муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, муовини раиси суди шаҳри Ҳисор, судяҳои суди як қатор шаҳру навоҳии мамлакат аз ҳисоби ҷавонону мутахассисони варзида ва поквиҷдону масъулиятшинос таъин карда шуданд.

Пешниҳоди Президенти ҶТ дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Тоҷикистон бозхонд намудани Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ирсол гардид.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.