ТВЕА пулҳои ба бунёди МБГ Душанбе-2 харҷкардаашро аз 2 кони тилло мегирад

Ширкати ТВЕА-и Чин барои коркарди кони дуюми тилло дар вилояти Суғд иҷозатнома гирифт. Ҳуқуқи истифода аз конҳо ба ширкати чинӣ ба он хотир дода шудааст, ки пулҳои дар бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) Душанбе-2 харҷкардаашро баргардонад. «Иҷозатномаи коркарди кони «Кумарғи Боло» ба ширкати ТВЕА аввали соли равон дода шуд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ширкати ТВЕА-и Чин барои коркарди кони дуюми тилло дар вилояти Суғд иҷозатнома гирифт.

Ҳуқуқи истифода аз конҳо ба ширкати чинӣ ба он хотир дода шудааст, ки пулҳои дар бунёди Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ) Душанбе-2 харҷкардаашро баргардонад.

«Иҷозатномаи коркарди кони «Кумарғи Боло» ба ширкати ТВЕА аввали соли равон дода шуд», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон.

Қаблан ин ширкат ба коркарди захираҳои кони «Дуоба» дастрасӣ пайдо намуда буд. Ин конҳои тилло дар ноҳияи Айнии вилояти Суғд воқеъанд.

Бино ба иттилои манбаъ, тибқи созиши ҳосилшуда, ширкат ба истихроҷи металлҳои қиматбаҳо аз ин конҳо то замоне ҳуқуқ хоҳад дошт, ки пулҳои ба сохтмони МБГ Душанбе-2 харҷкардаашро ҷуброн кунад.

«Сипас имзои қарордоди нав бо ширкат дар мавриди истифодаи ин конҳо аллакай бо шартҳои дигар дар нақша аст», – илова кард сарчашмаи хабар.

Ширкати ТВЕА соли 2013 барои иҷрои корҳои иктишофи геологӣ дар конҳои «Дуоба» ва «Кумарғи Боло» иҷозатнома гирифт. Раҳбарияти Саридраи геология он вақт изҳор дошта буданд, ки баъди саҳеҳ кардани захирахои ин конҳо, ҳукумат дар бораи коркарди онҳо қарор қабул мекунад ва аз эҳтимол дур дониста намешуд, ки яке аз ин иҷозатномаҳоро ширкати ТВЕА мегирад.

Тибқи маълумоти ҳанӯз замони Иттиҳоди Шӯравӣ бадастомада, таркиби тилло дар конҳои «Кумарғи Боло» ва «Дуоба» беш аз 2 грамм дар 1 тонна маъданро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки арзиши умумии МБГ Душанбе-2, ки аз ҷониби ширкати ТВЕА сохта шуд, 349 млн. долларро таашкил медиҳад, ки 17,4 млн. доллараш ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.