Маълумоти манъи воридоти тухмро «Тоҷикстандарт» бардурӯғ хонд

Агентии «Тоҷикстандарт» маълумот дар бораи гӯё манъ шудани воридоти тухмро аз хориҷа ба ҷумҳурӣ қотеъона рад кард. «Нисбати воридоти тухми мурғ дар маҷмӯъ ё аз ягон кишвари ҷудогона ҳеҷ гуна маҳдудият ҷорӣ нашудааст», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Тоҷикстандарт». Маълумоти аз ҷониби чане аз васоити ахбори омма чопшударо дар бораи манъи воридоти тухм дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Агентии «Тоҷикстандарт» маълумот дар бораи гӯё манъ шудани воридоти тухмро аз хориҷа ба ҷумҳурӣ қотеъона рад кард.

«Нисбати воридоти тухми мурғ дар маҷмӯъ ё аз ягон кишвари ҷудогона ҳеҷ гуна маҳдудият ҷорӣ нашудааст», – хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Тоҷикстандарт».

Маълумоти аз ҷониби чане аз васоити ахбори омма чопшударо дар бораи манъи воридоти тухм дар Агентӣ бардурӯғ хонданд.

Қобили зикр аст, ки як қатор ВАО-и электронӣ хабар доданд, ки Тоҷикистон ба як муддати муайян воридоти тухмро ба кишвар манъ карда, ин тадбир гӯё ба шикояти сершумори ахиран расида нисбат ба сифати тухми воридшуда аз кишварҳои ҳамсоя рабт доштааст.

Дар хабарҳо зикр мегардад, ки ин амал дар партави сабук гардидани шартҳои убури марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон сурат мегирад, ки дар натиҷа моҳи охир ҳаҷми воридоти тухм аз кишвари ҳамсоя ба таври назаррас афзуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.