Ғалабаи «Истиқол» бар «Олой» дар вохӯрии Ҷоми КФО-2018

Asia-Plus

Дар бозии даври сеюми мусобиқаи Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2018 байни дастаҳои «Истиқлол» (Тоҷикистон) ва «Олой» (Қирғизистон) дар гурӯҳи «D» футболбозони тоҷик ба пирӯзӣ даст ёфтанд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба фоидаи душанбегиҳо анҷом ёфта, тӯби ягонаро дар дақиқаи 48-ум Фатҳулло Фатҳуллоев аз зарбаи 11-метра ба нишон расонд.

Бозии дигари гурӯҳи «D» байни дастаҳои «Аҳал» ва «Олтин Асир» (ҳарду даста аз Туркманистон) мусовӣ – 0 бар 0 анҷом ёфт.

Ҳамин тариқ баъди се вохӯрӣ дар гурӯҳи «D»  дастаи «Истиқлол» бо касби 7 имтиёз зинаи якум, «Олтин Асир» бо 5 имтиёз – дар зинаи дуюм, «Аҳал» бо 4 имтиёз – дар зинаи сеюми ҷадвал қарор доранд. «Олой» то ҳол ягон имтиёзе нагирифта, дар мақоми охир қарор дорад.

Бозиҳои даври чоруми Ҷоми КФО дар гурӯҳи «D» рӯзи 25 апрел баргузор мешаванд. «Истиқлол» дар меҳмонӣ бо «Олой» бозӣ карда, «Олтин Асир» дар майдони худ «Аҳал»-ро қабул мекунад.

Марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2018 дар минтақаи Марказӣ 7 март оғоз гардида, 16 май ба итмом мерасад. Танҳо ғолиби гурӯҳ ба марҳилаи минбаъда роҳхат мегирад. Баъди анҷоми марҳилаи гурӯҳӣ, бозиҳои нимфиналӣ ва финалии байниминтақавӣ доир гардида,  санаи 27 октябр бозии финалӣ баргузор мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.  

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...