Эмомалӣ Раҳмон Илҳом Алиевро бо пирӯзӣ табрик кард

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба муносибати пирӯзиаш дар маъракаи интихоботи президенти ин кишвар барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон қайд мешавад, ки Мардуми Озарбойҷон бо  овоздиҳии худ дар интихобот бори дигар эътимоди олиашро ба сиёсати роҳандозишуда, ки ба шукуфоии бемайлони кишвар ва таҳкими обрӯю эътибори он дар арсаи байналмилалӣ нигаронда шудааст, нишон дод.

«Ба туфайли заҳмату талошҳои бисёрсолаи Шумо Озарбойҷон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии хеш ба комёбиҳои назаррас ноил гардид ва мо аз чунин дастовардҳои дӯстони худ сидқан хушнуд ҳастем», – омадааст дар барқия.

Дар барқия изҳори итминон мешавад, ки ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон бар манфиатҳои ду кишвар дар солҳои оянда низ масири густариши нав касб карда, бо ин мақсад Тоҷикистон омода аст, ки дар якҷоягӣ бо Озарбойҷон тамоми талошҳои заруриро ба харҷ диҳад. 

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба маълумоти Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии (КМИР) Озарбойҷон, шумориши 94 дарсади раъй нишон додааст, ки Илҳом Алиев 86 дарсади овози мардумро соҳиб шудааст.

КМИР изҳор доштааст, ки дар интихобот 74,5 дарсади сокинони ҳаққи раъй ширкат карданд. Илҳом Алиев, ки соли 2003 сари қудрат омад, бори чаҳорум дар курсии президентӣ боқӣ хоҳад монд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...