ИМА Тоҷикистонро ба таъмини ҳимояи Мирсаидов даъват мекунад

Asia-Plus

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз дароз шудани муҳлати таҳти ҳабс қарор доштани журналист ва роҳбари дастаи «Сборная КВН Таджикистана» Хайрулло Мирсаидов нигаронӣ изҳор намуда, аз Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ҷараёни баррасии парвандаи ӯ зудтар сурат гирад.

Дар ин хусус дар изҳороти иҷрокунандаи вазифаи муовини роҳбари намояндагии ИМА дар назди САҲА Мишел Сайдерс (Michele Siders) изҳори назар мешавад.

«Ин ҳабс тамоили фишори тақвиятёбанда ба озодии ВАО дар Тоҷикистонро таҷассум менамояд, ки чанде аз журналистонро ба тарки кишвар маҷбур кард ва ба қатъи фаъолияти якчанд воситаҳои ахбори умуми мустақил боис гардид», – қайд мешавад дар изҳорот.

ИМА ишора мекунад, ки Тоҷикистон ҳамчун узви САҲА бояд уҳдадориҳои худро дар мавриди озодии изҳори ақида, аз ҷумла нисбати намояндагони ВАО ва Эъломияи ҳуқуқи инсон ва Аҳдномаи байнулмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ риоя намояд.

«Мо боисрор аз Тоҷикистон даъват мекунем, ки таъҷилан парвандаи Мирсаидовро тафтиш карда, тадбирҳои зарурии ҳимояи ӯро дар ҷараёни мурофиаи судӣ таъмин намояд ва ҳамчунин уҳдадориҳои худро дар мавриди таъмини озодии изҳори ақида риоя кунад», – илова кардааст Мишел Сайдерс.

Ёдрас мекунем, ки Хайрулло Мирсаидов санаи 5 декабр аз ҷониби прокуратураи вилояти Суғд боздошт ва санаи 8 декабр нисбати ӯ бо чор моддаи Кодекси ҷиноии ҶТ – «азхудкунӣ ва сарфи маблағҳо», «барангехтани адовати милливу нажодӣ ва динӣ», «тақаллуби санадҳо» ва «дидаву дониста додани иттилои бардурӯғ» парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Ӯ айни замон дар тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и шаҳри Хуҷанд қарор дорад. Санаи 5 апрел муҳлати чормоҳаи боздошти пешакии ӯ бояд ба итмом мерасид. Бо дархости прокурор бо мақсади тафтиши мукаммал ва ва воқеъбинонаи парванда муҳлати тафтиш бори дигар боз ду моҳ – то моҳи июни соли ҷорӣ дароз шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...