Муфаттиши гунаҳкор ба марги наврас ба ҷавобгарӣ кашида нашуд

Билоли Шамс, Asia-Plus

Тибқи маълумоти як манбаъ дар прокуратураи шаҳри Кӯлоб капитан Саидмумин Исломов тақрибан се ҳафта пеш аз вазифааш озод шуда, вале дар сафҳои милитсия боқӣ мондааст.

Хабарнигори «Азия-Плюс» талош варзид, ки санаи дақиқи фармон ва сабаби аз кор озод шуданро бифаҳмад, вале ба ӯ чунин маълумот пешниҳод нашуд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз аз он ҳодисаи фоҷеабор дар Кӯлоб расо ду моҳ сипарӣ мешавад. Шаби 13 феврал назди терминали Кӯлоб – Восеъ муфаттиши Раёсати ВКД Кӯлоб капитан Саидмумин Исломов сокини 15-солаи Кӯлоб, хонандаи мактаби №6 Фирдавс Ҳалимовро бо автомашинааш пахш намуд. Дар прокуратураи шаҳр он замон дар робита ба ин ҳодиса гуфта буданд, ки парванда махфӣ аст.

Бино ба маълумоти прокуратура, тафтишот то ҳол идома дорад. «Хулосаҳои охир ҳанӯз омода нашуда, ташхисҳои техникӣ низ ба анҷом нарасидааст», – гуфт манбаъ дар прокуратура, вале шарҳ надод, ки дар бораи кадом ташхисҳо сухан меравад ва боз чӣ гуна санҷишҳо гузаронида мешаванд.

Дар Раёсати ВКД ва мақомоти прокуратураи шаҳр, дар Прокуратураи генералӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки шаби 13 феврали соли равон навраси 15-солаи сокини шаҳри Кӯлоб Фирдавс Ҳалимов , ки аз роҳ мегузашт, зери чархи автомашинаи муфаттиши Раёсати ВКД шаҳри Кӯлоб Саидмумин Исломов монд. Суръати ҳаракати автомашина то ҳадде баланд буд, ки баъди пахши наврас боз 15-20 метр ӯро бо худ кашола карда бурдааст. Дар натиҷа наврас дар бемористон ҳалок шуд.

Баъдан хешону наздикони навраси 15-солаи ҳалокшуда изҳор доштанд, ки наворҳои сабти видеои ҳодиса ба таври мармуз гум шудаанд. Онҳо ҳамчунин зикр мекунанд, ки муфаттиши Раёсати ВКД дар шаҳри Кӯлоб маст будааст.

Аз прокуратураи шаҳри Кӯлоб ба «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки капитани милитсия Саидмумин Исмоилов маст набуд. «Мо намедонем, ки сабтҳои камераҳои видеоӣ куҷо гум шудаанд. Парвандаи ҷиноӣ алҳол боз нашудааст, зеро мо ҷавоби ташхисро интизорем. Ин ҷавоб бояд дар бораи аз ҷониби ронанда риоя шудан ё нашудани қоидаҳо маълумот пешниҳод намояд», – хабар дод як манбаъ аз прокуратура бидуни ифшои ном.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...