Раиси ИНТ: Бозор Собирро дар Душанбе интизорем

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Вазъи саломатии Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собир, ки рӯзи 5 апрел дар яке аз бемористонҳои шаҳри Сиэтли ИМА бистарӣ шуда буд, каме рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» раиси Итиҳоди нависандагони Тоҷикистон (ИНТ) Низом Қосим хабар дод.

«Бозор Собир аз пешина худро хеле хубтар эҳсос мекунад, танҳоаз  сустиву камқувватӣ ба Тоҷикистон баргашта наметавонад. Мо бозгашти ӯро ба Душанбе интизорем», – қайд кард Низом Қосим.

Ёдрас мекунем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз бемории шоир огаҳ шуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафорати Тоҷикистон дар ИМА, Намояндагии ҶТ дар СММ ва дигар мақомоти марбута супориши қатъӣ дод, ки ба аёдати ӯ рафта, барои таъмини табобати муттасил, ҳалли тамоми мушкилоти мавҷуда, кӯмаку дастгирӣ ва баҳри ҳарчӣ зудтар ба Ватан омадани шоир мусоидат намоянд.

Бозор Собир 79-сола аст. Ӯ 20 ноябри соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод дар хонаводаи кишоварз дида ба ҷаҳон кушод. Маълумоти миёнаро дар интернати давлатии шаҳраки Ҳисор ба даст овард ва соли 1962 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро дар риштаи забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ хатм кардааст.

Солҳо дар матбуот, аз ҷумла дар дафтари рӯзномаи “Маориф ва маданият”, маҷаллаи “Садои Шарқ”, ҳафтаномаи “Адолат” фаъолият намудааст. Соле дар кишвари Афғонистон ба сифати мутарҷим ифои вазифа доштааст. Аз соли 1979, ҳудуди даҳ сол, дар Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон ба унвони мушовири бахши шеър кор кардааст.

Оғози эҷодиёти ӯро ба солҳои 60-ум мутааллиқ медонанд, яъне соли чаҳоруми таҳсилаш дар Донишгоҳ буд, ки аввалин шеърашро (1960) ба табъ расондааст. Ҳамон айём як силсила шеърҳояшро дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллоти маҳаллӣ рӯи чоп овардааст. Муаллифи доимии маҷаллаи “Садои Шарқ” будааст. Нахустин маҷмӯаи шеърҳои ӯ бо номи “Пайванд” соли 1972 аз чоп баромад. Маҷмӯаҳои Бозор Собир «Аз гули хор то симхор», «Оташбарг», «Бо чамидан бо чашидан», «Чашми сафедор», «Офтобниҳол» аз гулчини ашъори нотакрори шоири тоҷик аст, ки Бозор Собирро машҳур гардонидаанд. Ашъори шоир бо забонҳои гуногуни халқҳои ҷаҳон тарҷума ва нашр гардидааст.

ар воқеоти охири солҳои 80 – ибтидои 90-ми Тоҷикистон ӯ ба муборизаи сиёсӣ гаравида, мавқеи миллӣғ-демократиро пазируфт ва узви Ҳизби демократии Тоҷикистон буд. Дар фаъолияти хеш ҳамчун вакил дар Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон ба сафи мухолифини ҳукумат гаравида камбудиҳои роҳбарияти КМ Ҳизби коммунисти Тоҷикистонро танқид мекард.

Ақидаҳои сиёсии ӯ боиси таъқибу ҳабс гардиданаш (соли 1993) шудаанд. Бо миёнаравии ташкилотҳои баналмилалии ҳифзи ҳуқуқи инсон Amnesty International аз ҳабс озод шуда ба Москва (Русия) муҳоҷират намудааст. Декабри соли 1995 ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ш. Сиэтл муҳоҷират намуд.

Бозор Собир бо даъвати Ҳукумати Тоҷикистон ва президент Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 27 майи соли 2013 ба Тоҷикистон ба Тоҷикистон баргашт. 4 сентябри соли 2014 ба муносибати 22-юмин солгарди эълони истиқлолияти Тоҷикистон, президент Эмомалӣ Раҳмон ба Бозор Собир Ордени Ситораи Президенти Тоҷикистон дараҷаи III" тақдим кард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...