Манъи сафари мардони то 30-солаи Туркманистон ба хориҷа

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар Туркманистон мардоне, ки камтар аз 30 сол доранд, аз сафари хориҷа маҳрум шуданд. Дар ин бора сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ хабар медиҳад.

Бино ба иттилои як манбаъ бо такя ба Хадамоти муҳоҷирати вилояти Дашоғуси ин кишвар, ин тасмим ба хотири таъмини амнияти сокинон рӯи даст гирифта шудааст.

"Як дӯсти 27-солаи маро, ки нияти ба хориҷ рафтанро дошт, ба хадамоти муҳоҷирати минтақавӣ даъват карда, билеташро аз дасташ гирифтанд. Ба вай гуфтанд, ки бар асоси фармони нав, мардони то 30-сола ба хориҷ аз кишвар рафта наметавонанд", – гуфт манбаъ аз вилояти Дашоғус.

Ба гуфтаи вай, ба чанд ҷавон харҷи билетҳояшонро баргардонидаанд. Давоми чанд моҳи охир ҳолатҳои монеъ шудан аз сафари сокинон ба хориҷи кишвар дар Туркманистон борҳо ба мушоҳида расидааст.

Ба шаҳрвандони ин кишвар ба хусус сафар кардан ба Туркия манъ мешавад. Ҳамчунин мақомоти Туркманистон давоми моҳҳои охир талош кардаанд, ки мардикорон ва донишҷӯёни туркманро аз хориҷа баргардонад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...