Волидони Кароматулло ёфт шуданд: модараш бемору падараш ҳамроҳи онҳо нест

Asia-Plus

Кормандони милится волидони писарчаи панҷсолаи гумшуда Кароматуллоро, ки муддати 16 рӯз дар қабулгоҳи ВКД қарор дошт, дарёфт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуоти ВКД ҶТ Умарҷони Эмомалӣ хабар дод, Кароматулло Мирзоев, сокини ҷамоати Обшорони ноҳияи Шаҳритӯсро аз қабулгоҳ яке аз хешовандонаш – Холнисо Мирзоева гирифтааст.

«Ӯ хабар дод, ки модари писарча – Зебуннисо Ҳакимова рӯҳан бемор буда, Кароматуллоро онҳо худашон кофтаанд ва танҳо пас аз чанд рӯз баъди воқиф шудан аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ки дар қабулгоҳи ВКД аст, ба милитсия муроҷиат кардаанд», – гуфт котиби матбуотии Вазорат.

Ба қавли ӯ, Кароматулло вақте гум шудааст, ки бо модараш ба Душанбе барои дидорбинии бародари калониаш омадаанд, ки дар яке аз интернатҳои пойтахт таълиму тарбия мегирад.

«Волидони Кароматулло ҷудо шудаанд ва падараш – Қурбон Мирзоев бо кӯдакон зиндагӣ намекунад», – қайд карданд дар ВКД ва илова намуданд, ки акнун Кароматулло дар оилаи аммааш – хоҳари падараш зиндагӣ хоҳад кард.

Аввали моҳи апрел ВКД ҳамчунин дар бораи бедаракшавии Ёсинҷон Мирови 4-сола, сокини деҳаи Сабзикори ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ низ хабар дода буд.

Ёсинҷон Миров субҳи рӯзи 1 апрел аз хона баромада, бо ҳамин дигар барнагаштааст. Муддати 17 рӯз аст, ки аз ҷустуҷӯҳо ҳеҷ натиҷае ҳосил намешавад.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз шаҳрвандон дархост мекунад, ки агар касе дар бораи Ёсинҷон ягон маълумоте дошта бошад, бо телефони 221-21-21 ё 93 121-50-01 ба ВКД занг занад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...