Истиқболи Комроншоҳ дар Душанбе баъди пирӯзӣ дар Анталия

Ҳайдар Шодиев, Asia-Plus

Гуштигири маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён баъди пирӯзӣ дар мусобиқаи Гран-прии Анталия ба ватан баргашт. Дар фурудгоҳи Душанбе ӯро хешону наздикон, дӯстон, намояндагони сохторҳои варзиши кишвар, журналистон ва мухлисони дзюдо истиқбол гирифтанд.

Модари варзишгар Марябибӣ-апа мегӯяд, ҳангоми қувваозмоиҳои писараш хеле ба ҳаяҷон омадаву оромона онро тамошо карда наметавонад.

Усто Устопиров, падари гуштигир ва Фаридун, бародари Комроншоҳ, ки айни замон ба тамрини ӯ машғуланд, низ аз пирӯзии ӯ қаноатманданд.

– Аз комёбии Комроншоҳ хеле шодем, лекин вақти дамгирӣ нест. Баъди каме истироҳат омодагиро ба мусобиқаҳои асосии мавсим – Бозиҳои Осиё ва Чемпионати ҷаҳон оғоз мекунем. Аз моҳи май мусобиқаҳое оғоз мегарданд, ки дар он барои гирифтани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 метавон баллҳои рейтингӣ ба даст овард. Ҳамаи талошҳои мо ба ин равона хоҳад шуд, – иброз дошт падари гуштигир.

Муҳаммади хурдсол, писари Комроншоҳ низ ба пешвози падараш баромад, ки либоси кимоно дар бар дошт.

– Оилаамро хеле пазмон шудам. Писарамро ба оғӯш гирифта, акнун ҳамаи хастагиҳои сафару роҳ баромад. Ба ҳамаи онҳое, ки ба пешвози ман омаданд, миннатдорӣ изҳор мекунам. Талош хоҳам кард, ки минбаъд низ бо пирӯзиҳо шуморо шод созам, – гуфт ба ҳозирин Комроншоҳ.

Ёдрас мекунем, ки дар мусобиқаи байнулмилалии Гран-прии «Grand-Prix Antalya 2018» дар шаҳри Анталияи Туркия Комроншоҳи Устопириён медали тилло ба даст овард. Дар вазни то 90 кило ӯ бар 4 ҳарифаш – Самули Виитанен (Финландия), Солтон Броун (ИМА), Мамадалӣ Меҳдиев (Озарбойҷон) ва чемпиони ҷаҳон дар соли 2017  Неманя Майдов аз Сербия дастболо шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...