Ҳукми зиндон ба як оилаи калон дар Суғд, ки дар Сурия ҷангиданӣ буданд

Радиои Озодӣ

Суди вилояти Суғд як зани 71-сола, шаш узви оила ва наздиконашро ба иттиҳоми "қасди ҷиҳод" дар Сурия, мутаносибан аз 12 то 17 солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар пояи ин ҳукм, ки баъд аз зӯҳри 18-уми апрел эълон шуд, Мавлуда Насриддиноваи 71-сола 12 солро пушти панҷараи зиндон сипарӣ мекунад. Додгоҳ писари 47-солаи ӯ Баҳодур Насриддиновро ба 17 сол ва наберааш Ҳайдархон Насриддинов ва домодаш Насруллохон Абдувалиевро ба 12,5 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш сахт, маҳкум намуд.

Бар асоси ҳукми суд духтари ин зан Фарзона Насриддиноваи 19-сола (ҳамсари Насруллохон Абдувалиев) ва хешовандони хонавода – Шоҳина ва Мушоҳирахон Нуриллоеваҳо ҳам ҳар яке ба 12 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш умумӣ, маҳкум шудаанд.

Ду узви дигари хонавода – Шоҳида Нуриллоеваи 24 ва Маърифат Насриддиноваи 16-сола қаблан ба далели бемории рӯҳӣ ва ноболиғӣ, аз ҷавобгарӣ озод шуда буданд. Фарзона Насриддинова, ҳамсари Насруллохон Абдувалиев, ки додгоҳ 12 сол маҳкум ба зиндонаш кард, дар батн кӯдаки 7-моҳа дорад.

Ин хонавода сокини ҷамоати Навгилеми Исфара мебошад. Мурофиаи додгоҳӣ, ки 11 апрел шурӯъ шуд, зери раёсати Фирӯза Аҳмадзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд сурат гирифт.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...