Пардохти маблағ ба Хадамоти алоқа барои симкортҳои ғайрифаъол

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳар семоҳа барои ҳар як симкорти ғайрифаъол дар ҳаҷми 20 дирам маблағ пардохт мекунанд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз як ширкати мобилӣ хабар доданд, ин пардохтпулӣ аввали соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҷорӣ шудааст. «Гап сари он аст, ки рақамҳоро ширкатҳо аз Хадамоти алоқа мехаранд. Агар муштарӣ истифодаи онро боздошта бошад, рақамро […]

Ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳар семоҳа барои ҳар як симкорти ғайрифаъол дар ҳаҷми 20 дирам маблағ пардохт мекунанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз як ширкати мобилӣ хабар доданд, ин пардохтпулӣ аввали соли равон аз ҷониби Хадамоти алоқа ҷорӣ шудааст.

«Гап сари он аст, ки рақамҳоро ширкатҳо аз Хадамоти алоқа мехаранд. Агар муштарӣ истифодаи онро боздошта бошад, рақамро дубора мефурӯшанд ё он дар тавозуни ширкат ғайрифаъол боқӣ мемонад. Барои ғайрифаъол боқӣ мондани рақам мо ба Хадамоти алоқа ҳар се моҳ ба ҳар як симорти ғайрифаъол 20 дирам маблағ пардохт мекунем», – қайд кард як манбаъ дар ширкати мобилӣ.

Ёдрас мекунем, ки моҳи январи соли 2016 дар Тоҷикистон беш аз 11,2 млн. муштариёни алоқаи мобилӣ ба қайд гирифта шуда буданд. Баъди бақайдгирии дубора тобистони соли 2017 шумори симкортҳои фаъол 6,1 млн. ададро ташкил дод.

Яъне ширкатҳои мобилӣ ҳар семоҳа барои 5,1 млн. адад симкортҳои ғайрифаъол ба ҳар кадоме бояд 20 дирам маблағ пардохт кунанд, ки дар се моҳ ба 1,020 млн. сомонӣ ва дар як сол – ба 4,080 млн. сомонӣ баробар мешавад.

Хадамоти алоқа ин тасмими худро ба хизматрасонии симкортҳои ғайрифаъол нисбат дода, лекин зери мафҳуми «хизматрасонӣ» чӣ дар назар аст, шарҳ надодаанд.

Қобили зикр аст, ки соли 2015 Хадамоти алоқа барои истифодаи рақами алоқаи мобилӣ дар як моҳ дар ҳаҷми 80 дирам пардохти маблағ ҷорӣ намуд, ки ҳар моҳ аз муштариён гирифта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.