Дар Тоҷикистон ҳамагӣ 345 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ монданд

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд, хабар дод ба «Азия-Плюс» роҳбари Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат Раҳматулло Қудратов. Соли гузашта ба санаи 14 апрел шумори онҳо 443 нафарро ташкил медод. Собиқадорони ҶБВ айни замон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Дар ВМКБ шумори онҳо – 4 нафар, вилояти […]

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 345 нафар собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (ҶБВ) боқӣ мондаанд, хабар дод ба «Азия-Плюс» роҳбари Шӯрои собиқадорони ҷанг ва меҳнат Раҳматулло Қудратов.

Соли гузашта ба санаи 14 апрел шумори онҳо 443 нафарро ташкил медод.

Собиқадорони ҶБВ айни замон дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд. Дар ВМКБ шумори онҳо – 4 нафар, вилояти Суғд – 102 нафар, Хатлон – 136 нафар, ноҳияҳои тобеи марказ – 66 нафар ва шаҳри Душанбе – 46 нафарро ташкил медиҳад.

Охири соли гузашта собиқадори куҳансолтарини Тоҷикистон Додарҷон Умаров аз олам даргузашт, ки 117 сол дошт ва дар Вахш зиндагӣ мекард.

«Дигар собиқадорон синни 100-сола ё аз он боло дар Тоҷикистон намонданд, синни ҳамаи собиқадорони боқимонда аз 90 боло аст», – қайд кард Қудратов.

Дар ҳамин ҳол, маблағи ҷудомешуда имсол ба собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни навбатии Рӯзи Ғалаба баъди 22 апрел маълум мешавад.

Соли гузашта президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Рӯзи Ғалаба ба собиқадорони ВОВ ва шахсони дар муҳосирамонда ба ҳар кадоме 3 ҳазор сомонӣ кумакпулии якдафъаина ҷудо кард.

Ҳамчунин соли гузашта президент ба ҳамаи мақомоти давлатии маҳаллӣ дастур дода буд, ки мувофиқи имкон ба собиқадорон алоҳида кумак кунанд.

Солҳои Ҷанг Бузурги Ватании 1941-1945 аз аҳолии ҳудуди 1,25 млн. нафараи Тоҷикистон наздики 300 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҷабҳаи набард рафтанд. Наздики 100 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва 55 ҳазор нафар тоҷикистониён бо ордену медалҳо қадрдонӣ шуда, 64 нафар бо унвони олӣ – Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.