Раҷаббой Аҳмадзода ба вазифаи раиси вилояти Суғд тасдиқ шуд

Дар шаҳри Хуҷанд санаи 18 апрел иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар иҷлосия вакилони халқ якдилона фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси вилояти Суғд озод намудани Абдураҳмон Қодирӣ ва ба ин мансаб таъин Раҷаббой Аҳмадзодаро ҷонибдорӣ ва тасдиқ карданд. […]

Дар шаҳри Хуҷанд санаи 18 апрел иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, даъвати панҷум баргузор гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд, дар иҷлосия вакилони халқ якдилона фармони Президенти Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси вилояти Суғд озод намудани Абдураҳмон Қодирӣ ва ба ин мансаб таъин Раҷаббой Аҳмадзодаро ҷонибдорӣ ва тасдиқ карданд.

Гуфта мешавад, муовини раиси вилоят Назира Ғаффорӣ оид ба номгузории объектҳои физикию ҷуғрофӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов маълумот дода, вакилони халқ иваз намудани номи 32 деҳа ва як деҳотро якдилона маъқул шумориданд.

Пешниҳоди иҷлосия дар бораи табдили номи деҳа ва ҷамоатҳо ба ҳукумати Тоҷикистон равона гардида, дар сурати маъқул шуморида шудан, ҳукумат дар навбати худ онро ҷиҳати тасдиқ ба палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.