Ҳукми зиндон ба як оилаи калон дар Суғд, ки дар Сурия ҷангиданӣ буданд

Суди вилояти Суғд як зани 71-сола, шаш узви оила ва наздиконашро ба иттиҳоми "қасди ҷиҳод" дар Сурия, мутаносибан аз 12 то 17 солӣ маҳкум ба зиндон кард. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар пояи ин ҳукм, ки баъд аз зӯҳри 18-уми апрел эълон шуд, Мавлуда Насриддиноваи 71-сола 12 солро пушти панҷараи зиндон сипарӣ мекунад. Додгоҳ […]

Радиои Озодӣ

Суди вилояти Суғд як зани 71-сола, шаш узви оила ва наздиконашро ба иттиҳоми "қасди ҷиҳод" дар Сурия, мутаносибан аз 12 то 17 солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бар пояи ин ҳукм, ки баъд аз зӯҳри 18-уми апрел эълон шуд, Мавлуда Насриддиноваи 71-сола 12 солро пушти панҷараи зиндон сипарӣ мекунад. Додгоҳ писари 47-солаи ӯ Баҳодур Насриддиновро ба 17 сол ва наберааш Ҳайдархон Насриддинов ва домодаш Насруллохон Абдувалиевро ба 12,5 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш сахт, маҳкум намуд.

Бар асоси ҳукми суд духтари ин зан Фарзона Насриддиноваи 19-сола (ҳамсари Насруллохон Абдувалиев) ва хешовандони хонавода – Шоҳина ва Мушоҳирахон Нуриллоеваҳо ҳам ҳар яке ба 12 соли зиндон ва нигаҳдорӣ дар маҳбаси низомаш умумӣ, маҳкум шудаанд.

Ду узви дигари хонавода – Шоҳида Нуриллоеваи 24 ва Маърифат Насриддиноваи 16-сола қаблан ба далели бемории рӯҳӣ ва ноболиғӣ, аз ҷавобгарӣ озод шуда буданд. Фарзона Насриддинова, ҳамсари Насруллохон Абдувалиев, ки додгоҳ 12 сол маҳкум ба зиндонаш кард, дар батн кӯдаки 7-моҳа дорад.

Ин хонавода сокини ҷамоати Навгилеми Исфара мебошад. Мурофиаи додгоҳӣ, ки 11 апрел шурӯъ шуд, зери раёсати Фирӯза Аҳмадзода, додраси додгоҳи вилояти Суғд сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.