Муаррифии имконоти Тоҷикистон дар намоишгоҳи «ЭСКПО-2020»

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Тоҷикистон дар кори Намоишгоҳи байнулмилалии»ЭКСПО-2020», ки аз 20 октябри соли 2020 то 10 апрели соли 2021 дар Дубай доир мегардад, иштирок мекунад.

Бино ба маълумоти Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, бо қарори ҳукумати ҷумҳурӣ, Кумитаи тадорукоти омодагӣ ба ин намоишгоҳ таъсис дода шудааст, ки онро муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Ба Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Палатаи савдо ва саноат дар ҳамдастӣ бо вазорату идораҳои марбута дастур дода шудааст, ки номгӯи чорабиниҳои зарурӣ барои омодагӣ ва иштироки Тоҷикистон дар намоишгоҳи мазкурро таҳия созанд.

Қаблан Тоҷикистон дар намоишгоҳҳои байнулмилалии«ЭКСПО-67» (Монреал, Канада), «ЭКСПО–70» (Осака, Япония), «ЭКСПО–2000» (Ганновер, Олмон), «ЭКСПО-2005» (Айчи, Япония), Намоишгоҳи умумиҷаҳонии универсалии «ЭКСПО-2010» (Шанхай, Чин), Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО-2012» (Ёсу, Ҷумҳурии Корея), Намоишгоҳи байнулмилалии махсуси «ЭКСПО-2017» (Остона, Қазоқистон) иштирок дошт.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии «ЭКСПО-2020», дар ин намоишгоҳ беш аз 200 кишвар ва ташкилоту корхонаҳо иштирок мекунанд. Дар Дубай барои баргузории «ЭСКПО-2020» ба маблағи 7 млрд. доллар шаҳраки хурд бунёд мегардад. Буҷети умумии намоишгоҳ ҳамроҳ бо иншоот 7 млрд. доллар арзёбӣ мешавад. Дар намоишгоҳ аз иштирок ва боздиди  наздики 25 млн. нафар – 75%-ашон хориҷиён интизорӣ меравад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...