Баррасии масоили ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар вохӯрии нахуствазирони кишварҳо

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Маскав бр раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев дидору гуфтушунид кард. Тавре дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода мешавад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва дигарбахшҳо баррасӣ шуданд. Гуфта мешавад, зимни […]

Asia-Plus

Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Маскав бр раиси ҳукумати Русия Дмитрий Медведев дидору гуфтушунид кард.

Тавре дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дода мешавад, дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо, аз ҷумла таҳкими минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва дигарбахшҳо баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, зимни мулоқот ба масъалаи ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷирати корӣ, ҳамоҳангсозӣ ва таҳияи механизмҳои танзими равандҳои муҳоҷират таваҷҷуҳи хосса зохир шуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз дар Маскав ҷаласаи 15-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодии Тоҷикистону Русия ба кор шурӯъ мекунад.

Дар ин робита Медведев ва Расулзода муҳим будани кори комиссияро дар самти таҳкими минбаъда ва густариши робитаҳо дар тамоми маҷмӯи соҳаҳои ҳамкорӣ байни Русия ва Тоҷикистон таъкид намуданд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.