Ифтитоҳи ду дидбонгоҳи сарҳадӣ дар ноҳияи Ашт

Бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва намояндагони Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ду дидбонгоҳи сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт. Дидбонгоҳи сарҳадии «Меҳробод» аз ҳисоби воситаҳои ширкати «Барқи тоҷик» бунёд шуда, барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии он 18 млн. сомонӣ […]

Asia-Plus

Бо иштироки Котиби Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров, муовини якуми Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва намояндагони Қушунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон дар ноҳияи Ашт, дар сарҳади байни Тоҷикистону Ӯзбекистон ду дидбонгоҳи сарҳадӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Дидбонгоҳи сарҳадии «Меҳробод» аз ҳисоби воситаҳои ширкати «Барқи тоҷик» бунёд шуда, барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии он 18 млн. сомонӣ маблағ масраф шудааст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар бинои асосии дидбонгоҳи сарҳадии “Меҳробод” утоқҳои корӣ барои афсарон, синфхонаҳои таълимӣ ва компютерӣ, китобхона, ҷой барои истироҳату фароғат, хизмати маишӣ ва ғайра бунёд шуда, дар ин ҷо пеш аз ҳама барои назорат ва ҳифзи сарҳади давлатӣ аз техникаву технологияи пешрафта васеъ истифода мебаранд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон дидбонгоҳи сарҳадии “Пунук” низ ба истифода дода шуда, он бо маблағи 5 млн. 400 ҳазор сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шудаааст. Ин дидбонгоҳи сарҳадӣ низ дорои тамоми шароити зарурӣ мебошад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.